Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Инқилоби кадрӣ дар Тоҷикистон, пойтахти нави тоҷикон, доҳисозони хавфнок


"АЗИЯ ПЛЮС" ИНҚИЛОБИ КАДРИРО ҲАМ МУАССИР НАМЕДОНАД

"Азия Плюс" - нашрияи русизабони Душанбе дар сармақолаи худ охирин таҳаввулоти кадрии ҳукумати Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта, онро инқилоби кадрӣ унвон намудааст. Нашрия навиштааст, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмоновро пеш аз ҳама рушди коррупсия дар Тоҷикистон водор ба чунин иқдом намудааст. «Азия Плюс» афзудааст, ки тавсиаи чашмгирии ин падидаи номатлуб на танҳо ҳайсияти Тоҷикистон, балки амнияти давлатдории онро низ дар маҷмӯъ ба хатар мувоҷеҳ сохтааст. Муаллифи матлаб бо таваҷҷӯҳ ба таҳавввулоти ахири сиёсӣ дар ҷамоҳири Гурҷистон ва Украина нигоштааст, ки ҳар гуна инқилобҳои норинҷӣ дар кишварҳое сар мезананд, ки мизони коррупсия дар онҳо боиси нигаронии мардум гардидааст. Аз ин рӯ меафзояд муаллиф, роҳи ягонаи бурунрафт аз чунин вазъ метавонад дар ивази инқилоби норинҷӣ инқилоби кадрӣ гардад. Аммо «Азия Плюс»дар мисоли вазъияти кунунии Тоҷикистон натиҷагирӣ намудааст, ки як чунин инқилоби кадрӣ дар Тоҷикистон дар сурате метавонад, натоиҷи матлуб ба бор оварад, ки ба мақомоти раҳбарикунада дар ин кишвар кадрҳои ҷавону болаёқат ва дорои донишу ҷаҳонбинии замонавӣ таъйин гардаанд.

"КУРЙЕР ТАДЖИКИСТАНА" ДУШАНБЕИ ХАСТАШУДАРО ИВАЗ КАРДАНИСТ

«Кулоб - пойтахти ояндаи Тоҷикистон» ҳафтаномаи «Курйер Таджикистана» дар мақолае бо ин ном навиштааст, ки Душанбе аз пойтахт будан хаста шудааст. Ин нашрия менависад ки имрӯз бо таваҷҷӯҳ ба вуҷуди муассисоти давлатӣ аз қабили парлумон ва вазоратхонаҳо дар шаҳри Душанбе метавон фикр кард, ки он пойтахти як кишвар аст, вале агар аз лиҳози оддитарин шароити иҷтимоӣ барои мисол дастрасӣ доштани сокинонаш ба оби ошомиданӣ ва газу барқ таваҷҷӯҳ шавад, Душанбе аз дигар шаҳру навоҳии кишвар кам фарқ мекунад. Ба эътиқоди муалллифи мақолаи «Кулоб - пойтахти ояндаи Тоҷикистон» ин шаҳр бо доштани таърихи бостонӣ ва ҷуғрофиёи муносиб метавонад, пойтахти нави кишвари тоҷикон гардад. Гузашта аз ин вуҷуди захоири бузурги газ ва дурнамои сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда ва корхонаи нави арзиз дар наздикии он имкони пойтахт гардидани шаҳри Кулобро тақвият мебахшад.

ТАРСИ "НЕРӮИ СУХАН" АЗ ДОҲИСОЗОН
«Нерӯи Сухан» дар матлабе бо номи «Коммунистон ба пеш ба сӯи ғалабаҳои демократия» коммунистмаобии аксар мақомоти имрӯзаи Тоҷикистонро ба интиқод гирифта навиштааст, ки ин зумра имруз идеологҳои давлатдории ин кишвар ба ҳисоб мераванд. Ин нашрия менависад, чӣ тавр касоне, ки дирӯз мактабҳои олии партиявиро хондаву моро ба сӯи ояндаи дурахшони коммунистӣ пеш мебурданд, имрӯз метавонанд аз арзишҳои демократӣ сухан гӯянд. Идеологҳои мо ҳизбияташонро тағйир дода бошанд ҳам, имрӯз дар фаъолияти ба истилоҳ давлатдории худ аз усулҳои кӯҳнаи коммунистӣ кор мегиранд. Муаллифи матлаб нигоштааст, ки агар дар чунин марҳалаи ҳассос президент Раҳмонов ҳушёрии сиёсиро аз даст диҳад, хушомадгӯёни ҷоҳталабу мансабхоҳи атрофи ӯ, ки идеологҳои кунунӣ маҳсуб меёбанд, аз ӯ Брежневи тоҷик месозанд, чун эшон доҳисозиро ҳанӯз дар даврони коммунистӣ хуб омӯхтаанд ва дар ин кор таҷрибаи бой ҳам доранд.
XS
SM
MD
LG