Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садбарг дар назди "Садбарг" ва дар интизори муштарӣ


Истгоҳи назди Садбарг дар пойтахт ин ягона нуқтаи духтарони танфурӯш нест, дар чандин дигар кӯчаву маҳалҳои шаҳр низ чунин нуқтаҳо мавҷуданд, гурӯҳ-гурӯҳ духтарон ҷамъ омада гуиё касеро мунтазир бошанд, роҳи мизоҷро мепоянд. Дар нуқтаи маъруфтарини онҳо, дар яке аз истгоҳҳои назди Садбарг, макони хеле серодам, як гурӯҳ духтарони аз 17 то 30-соларо мушоҳида кардан мумкин аст,ки ба ҳар як ҷавону марди роҳгузар ғайримуқаррарӣ менигаранд. Ин духтарон талош мекунанд, то ба ҳар тариқ таваҷҷӯҳи мардони роҳгузарро ба худ ҷалб кунанд. Пас аз пайдо шудани ба қавли худашон "клиенте" ва баъди маслиҳати кӯтоҳ аз ҷои худ ғайб мезананд.

Ин ҳоли духтарони танфурӯш ҳар рӯз бад-ин минвол давом мекунад. Сару либос ва намуди зоҳирӣ онҳоро аз дигар духтарону занон фарқ намекунад, аммо дар рафтору кирдор онҳо нисбатан дигаранд, барои онҳо шарму ҳаё бегона аст ва дар муносибат бо ҳам аз алфози қабеҳ истифода мекунанд. Аз миёни бештар аз 20 духтар аз ин гурӯҳ танҳо як духтарак, ки аз дигар ҳамкасбони худ каме дуртар истода роҳи муштарӣ мепоид, баъди чанд лаҳза фикр кардан розӣ шуд, ки ба суолҳои мо посух бидиҳад. Ӯ худро Садбарг муаррифӣ кард. Садбарг дар назди Садбарг ва дар интизори муштарӣ. Ӯ 18 сол дорад, 15 сола шавҳар кардааст ва пас аз ду соли зиндагӣ ҷудо шудаааст: «Вақте ай шавҳарум бромадум,зиндагӣ маҷбур кард ҳамин корда рафтум. И корора намедонистум як дугонам нишон додум, ҳамин роҳҳода бурд. Якум бор хай изо кашидем, лекин зиндагӣ, ки маҷбур кард, изо кашӣ, накашӣ ҳама кора мекунӣ.»

Садбарг мегӯяд, баъди ҷудошавӣ ба назди падару модар баргашт, аммо он ҷо зери фишори рӯҳй қарор гирифт. Ва баъд аз бо ин роҳ рафтан барои худ манзиле пайдо намуда иҷора мешинаду бо маблағи ба даст овардааш зиндагиашро пеш мебарад. Як соати хизматрасонии Садбарг ба мисли аксари дигар духтароне ки аллакай беш аз як сол ба танфурӯшӣ машғуланд, 20 сомонӣ арзиш дорад: «Якум бор бист сомонда рафта будум. Шабо намерам танҳо рӯз мерам, соат қатияй кормон, ҳамомда мерем уҷа як соатуш 10 сумай нархи худмон 20 сомон. Як рӯзда се бор 4 бор мерам."
Аммо ин пулҳо заҳр аст барои ин духтарони танфурӯш: «Бачаҳое ҳастан, ки меган хе рафтем мерай мешинӣ, баъд мезанантаву чӣ корое намекунанд."

Садбарг мегуяд, ин гурӯҳ занону духтарон аз хатари бемориҳои сироятӣ огоҳ нестанд , ё умуман аҳамият намедиҳанд ба ин ва маҷбуран аз ҷониби кормандони масъул аз назорати тиббӣ гузаронида мешаванд: «Худмон ай духтур намегзарему, неки вақте ки «облава» меқапан бад худшон ба даста мебарану ай духтур мегзаронан ва кадоме касал бошад, як моҳ духтурда табобат мекунанд.»
Ин духтараки 18-сола имрӯз аз зиндагӣ дилсард шудааст, ӯ мегӯяд, дигар ба зиндагии хубу ширин умед надорад ва орзуи ягонааш ин таввалуди дигарбора аст: «Агар як бори дига ҳами хел кӯдаки навзод шавум, кӯшиш мекунам, зиндагим мисли дигарон гузарад.»
Ман бо Садбарг ҳудуди як соат сӯҳбат доштам, Садбарг чун дид, ки саргарми сӯҳбат аз даромади имрӯзааш мемонад, хомӯш шуд. Вале дигар кӯча камодам ва бозори Садбарг хунук гардида буд. Ва ӯ дигар бе ҳеҷ хайрухуш ва дар чашмон ашк аз назди ман дур шуд.
XS
SM
MD
LG