Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кашфи сомониҳои тақаллубӣ дар саррофиҳои Тоҷикистон


Иддае аз соҳибони нуқтаҳои тиҷоратӣ ва саррофии шаҳри Душанбе пулҳои тақаллубии 5 ва 10 сомонӣ кашф кардаанд. Амирхон Раҳимов, корманди як нуқтаи мубодилаи асъори Душанбе гуфт, воқеан ҳам чанд рӯз қабл ҳангоми табдили асъори яке аз муштариён чанд адад панҷ сомонии тақаллубиро ошкор кардааст.
Салмон Ҷамолов, мудири шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар муомилот пайдо шудани пули сомониро таъйид кард ва гуфт, вориди муомилот шудан ва мавриди гардиш қарор гирифтани пулҳои тақаллубӣ бинобар бетафовутии сокинони кишвар нисбат ба пул ҳангоми тиҷорату муомилот аст. Ба гуфтаи оқои Ҷамолов, Бонки Миллии Тоҷикистон аз вориди муомилот шудани пулҳои тақаллубӣ ҳамаи бонкҳои кишварро огаҳ намудааст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG