Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷаби Мирзо ба парлумон роҳ хоҳад ёфт?


Рӯзи чаҳоршанбе, дувоздаҳуми январ, Раҷаби Мирзо - муассис ва сармуҳаррири «Рӯзи Нав» - бо пешбарии номзадии худ ба вакили парлумони ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии ноҳияи Шоҳмансур асноди худро ба Комиссияи марказии интихобот ироа намуд. Раҷаби Мирзо мегӯяд, ӯро қазияи сари «Рӯзи Нав» омада ба сиёсат андохтааст. Аз ӯ суол мекунам, ки оё таъсиси худи «Рӯзи Нав» ба ҳайси як нашрияи сиёсиву иҷтимоӣ қадаме ба сиёсат набуд?

«Не, ман инро ҳамчун як бардошт аз маъракаҳои сиёсӣ, бардошт аз ақидаҳои сиёсии мардум,..ба ҳамин монанд мо як рӯзномае таъсис доданӣ будем. На ба он шакле, ки худи мо ҳамчун як қувваи сиёсӣ дар ҷомеа муаррифӣ шавем. Вале мутаассифона аз шумораҳои аввалин бо мо ҳамчун як қувваи сиёсӣ муносибат оғоз гардид.»

Раҷаби Мирзо даҳуми августи соли 1973 ба дунё омадааст. Шумораи аввалини «Рӯзи Нав»-аш ҳафтуми августи соли 2003, ду рӯзи қабл аз зодрӯзи сиюминаш ба табъ расидааст. Қабл аз таъсиси «Рӯзи Нав», шурӯъ аз замони донишҷӯӣ дар факултаи журналистика ва тарҷумонии донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар як қатор ҳафтаномаҳои пойтахт кор кардааст. Пас аз як соли фаъолият, аз нашри «Рӯзи Нав» ки маъруфтарин нашрияи чопи Тоҷикистон гардида буд, ҳама нашриёт сар мепечиданд. Шумораи охирини «Рӯзи Нав» баъдан дар Бишкек чоп шуд, вале дар Душанбе дар масъалаи тавзеъи он мушкил пеш омад. Раҷаби Мирзо қазияи нашрияи худро ба наздикшавии интихобот тавъам медонад:
«Фишор ба қувваҳои сиёсӣ, ба ҳизбҳои сиёсӣ, ба шахсиятҳои сиёсӣ, фишор ба матбуоти озод - ин ҳама бештар ба он равона гардида буданд, ки интихоботе, ки дар соли 2005 сурат мегиранд, ба он тарзе сурат бигиранд, ки қувваҳои ҳукуматӣ мехоҳанд.»

Вале оё қазияи «Рӯзи Нав» ба рафти интихобот метавонад ба гунае таъсир бирасонад?
- «Бале, ман фикр мекунам, ки қазияи "Рӯзи Нав" барои ба ин ё он шакл муаррифӣ шудани банда ҳатман мусоидат мекунад.»

Исми Раҷаби Мирзо аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ дар рӯйхати сотсиал - демократҳо омадааст. Раҷаб мегӯяд, аз дигар аҳзоб низ чунин пешниҳод шуда буд, вале интихоби ӯ сари Ҳизби сотсиал - демократӣ ба он сабаб қарор гирифтааст, ки дар рӯйхати ин ҳизб дигар ғайриҳизбиён низ шомиланд. Дар рӯйхат Раҷаби Мирзо дар мақоми нӯҳум аст ва эътимоди бештар ба ҳавзаи якмандатӣ дорад. Аз Раҷаб пурсидам, ки дар сурати вакил интихоб гардиданаш таваҷҷӯҳи худро ба ҳалли кадом масоил равона хоҳад кард? Ӯ гуфт, барҳам задани ришвахорӣ, барҳам задани вобастагии сиёсиву иқтисодӣ ва рушди матбуоти озод. Ва аммо дар сурати нокомӣ дар интихобот ояндаи сиёсии Раҷаби Мирзо чӣ гуна хоҳад буд?

«Ҳатман аз журналистика ҳам меравам. Ҳатман аз сиёсат ҳам меравам. Вале ман боварӣ дорам, агар интихобот шаффоф ва демократӣ сурат гирад, имрӯз дар Тоҷикистон технологияҳои сиёсии зиёде вуҷуд доранд барои муаррифӣ шудани номзадҳо, барои пайдо шудани шахсиятҳо, ки онҳо ҳоло истифода нашудаанд ва ман онҳоро хоҳам истифода кард, зеро аз ҷиҳати назариявӣ ман дар ин самт имконоти хуб дорам ва бовар дорам, ки дар ин интихобот ғалаба мекунам.»

Раҷаби Мирзо ба шаффоф гузаштани интихобот шубҳа дорад, вале ба нерӯ ва имконоти эътилофи аҳзоби сиёсӣ умед мебандад. Ба ширкати фаъолонаи мардум дар интихобот боварӣ надорад. Мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна инқилоби «садбаргӣ»-ву «норанҷӣ» сар нахоҳад зад. Тағйироти кадрии ахири ҳукуматро барои ба даст овардани холҳои сиёсӣ дар пешорӯи интихобот медонад.
XS
SM
MD
LG