Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рамзи гумшудаи Роҳи Абрешимро дубора ёфтанд


Кулоб

Ахиран дар ноҳияи Данғараи Хатлон рамзи Роҳи Абрешим ёфт шуд! Эмблема ё худ рамзи Роҳи Абрешимро осоршиносон аз деҳаи Булбулони собиқ, маъруф ба Булёни Поёни имрӯза пайдо кардаанд.
Бозор Муродов - сарвари осорхонаи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара мегӯяд, ин бозёфти нодирро осоршиносон таҳти сарварии академики маъруфи рус, Окладников зимни як ҳафриёт ҳанӯз солҳои панҷоҳуми қарни гузашта ёфта буданд ва бо амри тасодуф онро дар як гӯшаяки осорхонаи мактаби ҳамин деҳа фаромӯш кардаанд ва танҳо пас аз ним аср дубора ин ганҷи нодир ба дасти муаррихин омад: «Рамзи Роҳи Бузурги Абрешимро, ки ҷадди мо аз Хитой то Фаронса бурда расонидаанд, мо аз деҳаи Булбулон, ёфтем. Ин як уштур аст.»
Ҷаноби Муродов мегӯяд, барои дақиқан муайян кардани ин бозёфти нодир академик Юсуфшоҳ Ёқубов ва археологи маъруф Музафффар Азизов ба Данғара омадаанд. Онҳо муайян кардаанд, ки ин экспонат воқеан рамзи Роҳи Абрешим аст.
Рамзи маъруф уштури хурди ҳаҷман 15 см аст, ки ҳудудан 50 ё 100 грамм вазн дорад ва бо як маҳорати хеле баланди гилкорӣ бунёд ёфтааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG