Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили вакили Ҳизби наҳзат дар Кӯлоб


Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар ҳавзаи инфиродии интихоботи Маҷлиси намояндагон дар Кӯлоб пешорӯи сангари дигар қарор гирифт. Муҳаммадшариф Набиев - раиси ин ҳизб дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, агарчӣ 31 декабри соли 2004 беш аз 30 вакил дар конфронси ҳизбӣ дар асоси муборизаи алтернативӣ номзадии Абдуссамад Ғайратовро барои ширкат дар интихобот пешбарӣ кардаанд, аммо то ҳанӯз дар Бонки амонатии минтақа гаравпулии номзади ҳизбро қабул накардаанд.
Муҳибулоло Додоҷонов - раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, суратҳисоби маркази интихобот ба дасти масъулини аҳзоби сиёсӣ расидааст ва масъулини комиссияи мазбур муваззаф нестанд, ки ба бонкҳо дар алоҳидагӣ супориш диҳанд, ки гаравпулии ин ё он номзадро бигиранд ё на.
Аммо Муҳаммадшариф Набиев мегӯяд, дар Бонки амонатгузории Кӯлоб гуфтаанд, ки ин суратҳисобро худи бонк надорад: Дар амонатбонк ба намояндагони мо гуфтаанд, ки суратҳисоби интихоботӣ нест дар он ҷо ҳарчанд тибқи қонун суратҳисобҳо бояд дар Бонки амонатӣ кушода мешуд, гаравпулии номзади моро то ҳол нагирифтаанд.» Ин дар ҳолетс, 13 январ маъракаи пешбарии номзадҳо барои ширкат дар интихобот ба Маҷлиси намояндагон ба охир мерасад.
Саёфи Мизроб, Кӯлоб
XS
SM
MD
LG