Пайвандҳои дастрасӣ

Табиби ҷавони тоҷик роҳи кӯтоҳи дармони мӯътодонро кашф кардааст


Парвиз 30-сол дорад ва факултаи гиёҳшиносии яке аз донишгоҳҳои вилояти Суғдро хатм намуда, тӯли 8 сол аст, ки аз рӯи ин ихтисоси худ фаъолият мебарад. Ба гуфтаи худи Парвиз, ӯ соли 1999 бо мақсади табобати нашъамандон аз 16 намуд гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон доруе ихтироъ намуда, пас аз машварат бо дигар табибон ва дар амал санҷидани таъсири он дар ҷонварон, аз ҷумла дар муш ва сагҳо ва баъдан дар якчанд мӯътод аз соли 2001 барои истифодабарӣ ва воқеан ҳам безарар будани ин даво, аз ҷониби идораи давлатии патентӣ ва маркази илмиву таҷрибавӣ ва истеҳсоли дорусозии Тоҷикистон гувоҳнома ва иҷозат гирифтааст.

Ин ихтироъи тиббии Парвиз "маҷмӯи миҷоз" ном гирифтааст, зеро ба гуфтаи муаллиф, беморон вобаста ба миҷозашон бо ин даво табобат карда мешаванд. Парвиз Аҳмадҷонов мегӯяд, доруи ӯ танҳо аз гиёҳҳои маъруфи табобатӣ дар Тоҷикистон таркиб ёфтааст.
Парвиз меафзояд: «Ҳамаи ин гиёҳҳо, гиёҳҳои табобатианд ва онҳоро табибон барои дармони бисёр касалҳо истифода мекунанд. Масалан дар таркиби ин дору гиёҳи бӯи модарон, решаи чукрӣ, арешаи бияву дигар гиёҳҳои машҳур ҳаст. Мо ин гиёҳорро кӯфта истифода мекунем.» Ба гуфтаи ин табиби ҷавон, "хокаи миҷоз" ҳангоми хумори нашъа гирифтан, ё худ ҳангоми "ломка" ба мӯътод дода мешавад, ки он ба ҷойи маводи нашъа беморро ором намуда, дар муддати 2 рӯз мӯътодро ба пуррагӣ аз хумори нашъа раҳо мекунад. Дар маҷмӯь табобати мӯътодон бо ин дору 12 рӯзро дар бар мегирад.

Парвиз Аҳмадҷонов раванди табобати ихтироъкардаи худро чунин шарҳ медиҳад: «Ин беморӣ дорад, ҳолати абсиненти, яъне ломка, ки аз 5 то 6 рӯз баъзан то 10 рӯз давом мекунад, вале бо истифодаи ин дору ин ҳолатро метавон дар муддати як шабонарӯз мегузарад, лекин беморро мо 4 рӯз бо ин гиёҳ табобат мекунем ва баъди оне, ки ба пуррагӣ аз ҳолати абсиненти яъне "ломка" баромад, боз барои тоза намудани узвҳои дарунии бемор аз дигар намуд гиёҳҳо ва доруҳо истифода мекунем, то бемор комилан шифо ёфта, ба по хезад.» Парвиз мегӯяд, дар аввал аксарияти табибону мӯътодон бовар намекарданд, ки бо ин чанд гиёҳи Тоҷикистон метавон нашъамандонро табобат кард, зеро маълум аст, ки шифоёбии беморони нашъаманд осон нест ва мӯҳлати дарозро талаб менамояд. Аммо ба гуфтаи худи ӯ, то имрӯз бо ин доруи ихтироънамудааш беш аз 300 нафар мӯътодонро муолиҷа намудааст.

Табиб мизоҷони худро дар манзилҳои онҳо табобат мекунад ва ҳамсари яке аз чунин мӯътодони шифоёфта ба Радиои Озодӣ гуфт: «Шавҳари ман 4 сол бемор буд, дар беморхонаҳо табобат кард, вале шифо наёфт, баъд доруи акои Парвиза фаҳмида дар назди ҳамун кас табобат гирифт, соз шуд, ина 4 сол мешава, ки нағзай, мега ранги аввала худша ҳис мекунад.» Як кило доруи ихтироънамудаи Парвиз барои табобати 30 бемор пешбинӣ шуда, беш аз 2 ҳазор доллар арзиш доштааст.

Абдуллои Ташрифзода роҳбари табобатгоҳи "Тибби Шарқ" ва гиёҳшиноси машҳури тоҷик ихтироъи Парвизро беназир медонад: «Он гулу гиёҳҳое, ки мо аз ин хока тайёр менамоему ба беморони нашъаманд менушонем ин тамоман беназир аст ва худситоӣ нашавад, гумон мекунам, ки ин ихтироъ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ як навоварӣ мешавад.» Аммо Муртазо Хидиров - роҳбари созмони ҷамъиятии мавсум ба "Раҳоӣ аз нашъамандӣ" мегӯяд, чунин доруҳо барои табобати бемориҳои нашъамандӣ ва СПИД ҳам дар чандин кишварҳои дигар ихтироъ шуда, буданд, аммо баъдан ба сиҳатии беморон зарар расонидаанд: "Дар Россия чанд маротиба ҳамин хел шуд, ки бо воситаи як инъекция, ё як дору нашъамандро табобат мекунанд ва пули калон мегиранд, лекин мутаасифона ин беморон боз баъди чанд муддат ба проблемаи худ бармегарданд." Аммо Парвиз Аҳмадҷонов табиби ҷавон ба ихтирооти худ боварӣ дорад ва мегӯяд, ҳамавақт аз ҳоли мизоҷони худ хабардор аст ва шикояте намешунавад. Ӯ нақша дорад, ки бо аввалин имконияти ба даст омада беморхонае таъсис дода, ба табобати мӯътодон таввасути ин дору машғул шавад.
XS
SM
MD
LG