Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони Ҳизби наҳзати исломиро ба узвияти комиссияҳои ноҳиявӣ напазируфтаанд


Убайдулло Файзуллоев - сарвари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, намояндагони ин ҳизбро ба узвияти комиссияҳои участкаҳои овоздиҳӣ дар 6 ҳавзаи интихоботии ин вилоят напазируфтаанд. Тибқи Қонун дар бораи интихобот, пазируфтани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба узвияти комиссисияҳои участкавӣ бар ӯҳдаи аъзои ҳавзаҳои интихоботӣ вогузор шудааст ва ба гуфтаи оқои Файзуллоев, барои дохил шудани намояндагони Ҳизби наҳзат аз ҷониби аъзои 6 комиссияи ҳавзавии овоздиҳии Суғд монеъагузорӣ шудааст.

Вай афзуд, бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломӣ тасмим гирифтааст, бо даъвои ҳалли ин қазия ба додгоҳ муроҷиат намояд: "Аз ҷониби ҳавзаҳои интихоботӣ рӯйхати аъзои ҳизби мо барои шомил шудан ба комиссияҳои участкавӣ бо баҳонаҳои гуногун, ки «рӯйхатро дер додед» ё ки «рӯйхатро барвақт додед», қабул карда нашудааст. Масалан, дар ҳавзаи интихоботии рақами 25, ноҳияи Спитамен, ки дар ин ҳавза Ҳизби наҳзат намоянда надорад, ҳамчунин аъзои мо ба 22 комиссияи участкавии ин ҳавза ҳам роҳ наёфтаанд. Ин ҳолат дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров ҳам ҷой дорад, ки мо мехоҳем пайи ҳалли ин қазиа ба додгоҳ муроҷиат намоем".

Субҳи рӯзи 12 январ, вақте ки барои таҳқиқи масъалаи шомил карда нашудани намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ ба рӯйхати узвият ба комисссияҳои участкавии ҳавзаи интихоботии рақами 25 ба шаҳраки Спитамен рафтем, дафтари комиссияи ин ҳавзаро, воқеъ дар бинои идораи матлуботи ноҳияи мазкур дарбаста дидем. Сарвари комиссияи ҳавзавӣ, Адҳам Қуранбоев, ки сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Спитмен мебошад, то нимарӯз дар дафтари ҷои кори аслиаш низ ҳузур надошт. Аммо Абдуҷамил Сатторов, сарвари комиссияи марказии интихоботии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд шомил нашудани намояндагони Ҳизби наҳзати исломиро ба аъзогии комиссияи участкаҳои интихоботӣ ба таъхири пешниҳоди руйхат аз ҷониби бахшҳои маҳаллии ҳизби мазкур марбут донист.

Ба гуфтаи оқои Сатторов, мутобиқи нақшаи аз ҷониби комимссияи интихоботии ҷумҳуриявӣ ба онҳо пешниҳодгардида муҳлати ниҳоии пешниҳоди рӯйхати аҳзоби сиёсӣ бояд то рӯзи 7 январ муайян шудааст, аммо Ҳизби наҳзати исломӣ рӯйхатро ба ҳавзаҳои интихоботии Ғончӣ ва Спитамен дер супоридааст: "Онҳо 2 рӯз қабл рӯзи 10 январ ба комиссияи ҳавзавии рақами 25, ноҳияи Спитамен даҳонӣ муроҷиат карданд, аммо на ба таври хаттӣ. Ин аз рӯи қонун нодуруст аст."

Муддати пешбарии намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба узвияти участкаҳои овоздиҳии Суғд мутобиқи нишондоди Қонуни интихоботи Тоҷикистон рӯзи 13 январ ба анҷом мерасад ва аммо ба гуфтаи оқои Сатторов, комиссияҳои ҳавзавӣ мутобиқи нақшаи пешниҳоднамудани Комиссияи марказии ҷумҳуриявии раъйдиҳӣ ниҳодҳои тобеи он дар вилояти Суғд аз рӯзи 7 январ ба қабули руйхатҳои ҳизбӣ хотима гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG