Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Султон Қувват дар интихобот ширкат намекунад


Мақомоти амниятии Тоҷикистон ба Султон Қувват - раиси ҳизби сабти ном нашудаи «Тараққиёт» дастури манъи хуруҷ аз ин кишварро додаанд. Султон Қувват дар рӯйхати асомии номзадҳои пешниҳод намудаи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон барои ширкат дар интихобот ба Маҷлиси Намояндагони ин кишвар дар мақоми дуввум қарор дошт.
Аммо Раҳматулло Зойиров раиси Ҳизби сотсиал-демократ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯйхати пешниҳод намудаи ҳизб ба комиссияи интихоботӣ, номи Султон Қувват ҳазф гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, Султон Қувват аз феҳрасти ин ҳизб баъди муроҷиати муроҷиати расмии вазорати амният ва додситонии кулли Тоҷикистон сурат гирифтааст: "Дар мактубҳои вазорати амният ва додситонии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихоботӣ навишта шудааст, ки дар муқобили Султон Қувватов бо иттиҳоми тӯҳмат ба президент ва талоши барангехтани низоъи миллӣ парвандаи ҷиноятӣ аст ва аз ин рӯ мутобиқи қонун ба қайд гирифтани он мумкин нест."
Аммо Муҳибулло Додоҷонов - раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон гуфт, номи Султон Қувват дар рӯйхати пешниҳод намудаи Ҳизби сотсиал-демократ низ сабт нагардидааст: "Номи Султон Қувват агар омада бошаду мо рад карда бошем, ин гуна ҳуҷҷат нест, аз тарафи Ҳизби сотсиал-демократ ҳам Султон Қувват пешниҳод нашудааст."
Ҳизби сабти ном нашудаи «Тараққиёт» чанд моҳ қабл барои ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2005 бо Ҳизби сотсиал-демократ тавофуқнома баст. Агарчӣ дар рӯйхати ҳизби мазкур 7 нафар ба ҳайси номзад ба вакилӣ сабти ном шудаанд, вале дар феҳрасти он номи ягон узви ҳизби «Тараққиёт» шомил нашудааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG