Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии сарнавишти нерӯгоҳи барқии Сангтӯда


Вазоратҳои энержии Тоҷикистон, Эрон, Русия масоили сохтмони нирӯгоҳи барқии обии Сангтӯда воқеъ дар 70-километрии ҷанубу шарқи Душанберо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Нозирҷон Ёдгорӣ - сухангӯи вазорати энергетикаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми музокироти сеҷониба, ки қарор аст, 12 январ дар Душанбе баргузор шавад, раиси ширкати энержии Русия Анатолий Чубайс ва вазири энержии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳабибулло Бетараф ширкат хоҳанд кард.
Вай афзуд, дар музокирот замони шурӯъи сохтмон, сармоягузорӣ, интиқоли таҷҳизот, саҳми мутахасисони се ҷониб дар самтҳои мухталифи бунёди Сангтуда муайян хоҳад шуд. Гуфта мешавад, вазорати энержии Русия ба ҳайси яке аз саҳмиядорони асосии нерӯгоҳи Сангтӯда дар ҳаҷми 25 миллион доллар ин нирӯгоҳро бо техника ва мошинолоти муосир муҷаҳҳаз месозад. Замони анҷоми бунёди нерӯгоҳи Сангтӯдаро ва мавриди истифода қарор гирифтани онро соли 2008 эълон кардаанд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG