Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммадрузӣ Искандаров ҳаққи ширкат дар интихобот надорад


Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон эълон дошт, ки Маҳмадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби демократи ин кишвар ҳаққи ширкат дар интихоботи парлумонии ояндаи Тоҷикистонро, ки қарор аст моҳи феврал баргузор шавад, надорад. Муҳибулло Додоҷонов - раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихоботӣ гуфт, тибқи хулосаи додситонии кулли кишвар Маҳмадрузӣ Искандаров ба панҷ банди Кодекси ҷиноӣ айбдор дониста шудааст ва аз ин рӯ комиссияи интихоботӣ аз сабти номи ӯ, ки дар руйхати Ҳизби демократ дар ҷойи аввал қарор дорад, худдорӣ мекунад.
Агарчӣ оқои Додоҷонов гуфт, бар асоси пешниҳоди додситонӣ Маҳмадрузӣ Искандаров ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон ба қайд гирифта намешавад, аммо намояндаи Ҳизби демократии Тоҷикистон Зокир Зокиров мегӯяд, Маҳмадрузӣ Искандаров бар асоси Қонуни афв, ки дар моддаи 11-уми Қонуни интихобот ёд шудааст, метавонад, дар интихобот ширкат кунад. Аммо бар асоси иттилои додситонии кулл бахши аъзами айбномаи Маҳмадрузӣ Искандаров ба давраи раҳбарии ӯ дар ширкати "Тоҷикгаз" тааллуқ мегирад, на амалкардҳои ӯ то замони имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон.
Пас аз боздошти Маҳмадрузӣ Искандаров дар Маскав, Бобоҷон Бобохонов додситони кулли Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ 13 декабр эълон дошта буд, ки Маҳмадрузӣ Искандаров собиқ раиси ширкати "Тоҷикгаз" дар дуздии амволи давлат бо ҳаҷми ҳангуфт, терроризм, бандитизм, нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ, муҳофиз ва ҳамчунин дар куштори раиси ноҳияи Тоҷикобод гунаҳкор дониста шудааст. Аммо Ҳизби демократи Тоҷикистон боздошти Искандаровро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG