Пайвандҳои дастрасӣ

Қиссаи дидор дар тарабхонаи маъруфи "Диёр"


Вақте ки ба дискоклуби "Диёр" наздик шудем, соат бисту дуи шаб буд, гурӯҳи зиёди ҷавонон ба ин рақсгоҳ ворид мешуданд. Баъди пардохти 15 сомонӣ кормандони амниятии тарабхона ба дасти мо низ мӯҳр монданд ва иҷозати ворид шудан ба ин тафреҳгоҳи маъруфи пойтахти Тоҷикистонро доданд. Қосимбек Боқиев - корманди масъули дискоклуби "Диёр" сабаби ба дасти мизоҷон мӯҳр заданро чунин шарҳ медиҳад: "Ба ин ҷо нафарони зиёд ворид мешаванд ва барои фарқ намудани онҳо ҳангоми дубора ворид шудани онҳо мо ба дасти мизоҷонамон мӯҳр мезанем." Дар даромадгоҳи толор муқаррароти рафтор дар ин тафреҳгоҳ навишта шудааст, ки риояи онҳо аз ҷониби ҳамаи мизоҷон ҳатмист мегӯяд Қосимбек Боқиев ва меафзояд: "Масалан бо либоси варзишӣ ба зал даромадан намемонем, наврасони то 18 соларо иҷозаи вуруд ба рақсгоҳро намедиҳем."

Золи дискоклуби "Диёр" ба монанди толори "Вастан" тафреҳгоҳи маъруфи дигари Душанбе васеъ ва барҳаво буд, муҳити торики ин рақсгоҳро танҳо чароғакҳои ранга равшан менамуданд. Қариб ҳамаи мизоҷони тафреҳгоҳро ҷавонони то 25 сола ташкил мекарданд.
Дар дискоклуб аксаран мусиқиҳои фармоишӣ садо медиҳад, ки ин ба Нигора донишҷуйи Донишгоҳи славянӣ чандон писанд наомадааст: «Ин тафреҳгоҳ ба ман маъқул нашуд, чунки мусиқиҳо табъи дили ман набуданд ва шахс маҷбур мешавад, ки бо пул мусиқӣ фармоиш диҳад.»

Мусоҳиби дигарам Тоҷидин, ки аз рақсидани зиёд хаста менамуд, гуфт, ин ҷо ба ӯ писанд аст, зеро низому тартиб дар он сахт риоя мешавад: «Дар ин дискоклуб худатро озод ҳис мекунӣ ва кормандони амният ба ягон намуд амалҳои беҷо иҷозат намедиҳанд. Ҳангоми даромад ва баромад эҳтироми моро ба ҷо меоранд.»
Мақсуд - ҷавони дигар мегӯяд: "Ҳама фикр мекунанд, ки ба дискоклуб танҳо мӯътодон ва майзадаҳо мераванд. Аммо ман ба фикри онҳо розӣ нестам, зеро барои мисол ман ба Худованд эътиқод дорам, аммо лаҳзаҳое мешаванд, ки ба фишори равонӣ гирифтор мешаваму барои бартараф намудани он ба дискоклуб меоям."

Як духтаре, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард гуфт, барои духтарон шабонгаҳ ба дискоклуб омадан хатарнок аст аз ин сабаб ӯро шавҳараш ҳамроҳӣ мекунад: «Вақтамро хеле хуб гузаронидам, дар як ҳафта як, ё ду маротиба меоем.» Дар миёни ҳаводорони шеъру суруд дар дискоклуб мухлисони гурӯҳи Фарзин, Шамс ва Эҳсон хеле зиёд будааст. Аммо бисёре аз ҷавонони тоҷик имкони ба тарабхонаи "Диёр" омаданро надоранд, зеро арзиши даромад ва нӯшокиву ғизо барои як донишҷӯ, ё як ҷавони оддӣ гарон аст.
XS
SM
MD
LG