Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмадрузӣ Искандаров дар интихобот ширкат хоҳад кард ё на?


Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон барои боқӣ мондани номи раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон дар руйхати ин ҳизб ба ҳавзаи умумиҷумҳуриявии интихоботи парлумонӣ аз додситонии кулл тақозо намудааст, ки дар ин маврид хулосаи худро ироа дорад. Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси ин ҳизб бо дархости додситонии кулли кишвар дар Русия боздошт гардид ва дар боздоштгоҳи пешакии вазорати амнияти ин кишвар ба сар мебарад.
Ин дар ҳолест, ки Ҳизби демократии Тоҷикистон феҳрасти номзаҳои худ иборат аз панҷ нафар бо шумули исми раиси ҳизб оқои Искандаров 10 декабр ба комиссияи интихоботӣ пешниҳод кардааст. Дар феҳрасти ҳизб дар ҷойи аввал номи Маҳмадрузӣ Искандаров ва дар ҷойи дуввум номи Ҷумъабой Ниёзов, муовини аввали раиси ҳизб, дар ҷойи сеюм исми раиси дастгоҳи ҳизб Раҳматулло Валиев, профессори иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров ва Муҳаббат Ҷайчиева қарор доранд.
Аммо раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот Муҳиббуло Додоҷонов мегӯяд, агар додситонии кулл хулоса кунад, ки Маҳмадрузӣ Искандаров ҳаққи ширкат дар интихоботро надорад, номи ӯ аз феҳраст ихроҷ карда мешавад, вале ба номзадҳои дигар иҷозаи ширкат дар интихоботи парлумонӣ хоҳанд дошт.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG