Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дарси бузурги интихобот дар Душанбе


Беш аз шашсад узв ва корманди комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ аз куллияи манотиқи Тоҷикистон дар як семинари миллии омӯзишӣ масоили омодагӣ, ташкил, баргузорӣ, тартиб ва раванди интихоботи парлумонии моҳи феврали соли ҷориро дар шаҳри Душанбе - пойтахти кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд. Ин семинар, ки бо мусоидати Дафтари мусоидат ба сулҳи СММ дар Тоҷикистон ва кӯмаки молии департаменти давлатии Амрико, ҳукуматҳои Шветсия ва Нидерландия баргузор шуд, тайи дурӯз идома хоҳад дошт. Владимир Сотиров - раҳбари Дафтари мусоидат ба сулҳи СММ гуфт, баргузории интихоботи шаффофу одилона аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ вобаста буда ва ҳадаф аз омӯзиши кормандони комиссияҳои ҳавзавӣ низ аз бештар огаҳ сохтани онҳо бо Қонуни ҷадиди интихобот, ҳуқуқ ва таҷоруби байналмилалӣ дар ин замина иборат мебошад:
«Ҳамоиши кормандони ҳавзаҳои интихоботӣ ба манзури омӯзиши асосҳои ҳуқуқии ташкил ва баргузории интихоботи парлумонӣ, ҷиҳати ошноӣ бо меъёрҳо ва таҷрубаи байналмилалӣ хеле муҳим аст. Зеро ин афрод, ки мутасаддии мустақим дар кори баргузории интихоботанд, тааҳҳудоти ахлоқиву сиёсиеро, ки Тоҷикистон дар қиболи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамчун узви комилҳуқуқи ин муассисот гирифтааст, бояд донанд, ва бар асоси он амал намоянд. Аз ин хотир боло бурдани сатҳи дониши ҳуқуқии аъзои комиссияи ҳавзавии интихоботӣ дар баргузории интихоботи шаффофу мунсифона мусоидат хоҳад кард.»

Намояндагони комиссияҳои ҳавзавӣ низ баргузории ин семинарро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ карданд. Шафоат Кенҷаева, як узви комиссияи ҳавзавии интихоботӣ аз ноҳияи Ғончии вилояти Суғд, ки дар интихоботҳои пешини кишвар низ узви комиссия будааст, гуфт иттиллоот ва дастуроте, ки дар ин нишаст дастрас шудааст, барои ӯ нав аст ва метавонад дар интихоботи қарибулвуқӯъ аз онҳо истифода кунад: "Мо аз ин семинар бисёр чизҳоро фаҳмида гирифтем. Мо ҳаракат мекунем, ки интихобот дар ноҳияи Ғончӣ хуб ва аз рӯи қонуну қоида гузарад. Касе ҳақ надорад, ба кори комиссияҳои ҳавзавӣ дахолат кунад, ҳатто мақомоти маҳҳалӣ."

Кароматулло Олимов, мушовири давлатии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон яке дигар аз иштирокдорони ин семинар бо арзи эҳтиром аз дастандаркорони ин нишаст, ки ба гуфтаи ӯ ҷомеаро барои баргузории як интихоботи мунсифона ва озод омода мекунанд, гуфт, интихоботи қарибулвуқуи парлумонӣ аз интихоботҳои пешин дар кишвар тафовути ҷиддӣ дорад. Вай гуфт, интихоботи парламентии моҳи феврал дар як муҳити комилан амну ором доир хоҳад шуд ва чунин фазои мусоид шароит ва имконоти мусовии муборизаро дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ барои ҳамаи нирӯҳои сиёсӣ фароҳам хоҳад кард: "Ин интихобот дар қиёс ба интихоботи гузашта бояд дар воқеъ ҷиддитар ва сербаҳстар мегузарад, барои он ки мо ба ҷараёни орому созанда дар ин панҷ сол ворид шудем. Ҷомеаи мо низ ба ин баҳсҳои сиёсӣ то андозае омода шуд. Аз номи президент ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ гуна мудохила бояд сурат нагирад, интихобот шаффоф гузарад. Агар дар ҷое намояндаи мақомоти маҳаллӣ, ё ҳизбҳои дигар сӯистифода карданӣ шаванд, ин албатта нодуруст аст."

Владимир Сотиров - раҳбари Дафтари мусоидат ба сулҳи СММ дар Тоҷикистон гуфт, қарор аст ҳамчунин дар 900 қитъаи раъйдиҳии кишвар гурӯҳи тренер ва ё мураббиёни Бунёди байналмилалии низомҳои интихоботӣ семинарҳои мушобеҳи омӯзишӣ барои мутассадиёни интихоботро доир кунанд.
XS
SM
MD
LG