Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷоми рақобати шоҳмотбозони ҷавон


Нахустин мусобиқоти мавсими нави варзиш дар Тоҷикистон 10-уми январ бо пирӯзии беҳтарин шатранҷбозони ҷавони шаҳри Душанбе ба анҷом расид. Ин мусобиқот бо ширкати варзишгарони синнашон то 20-сола дар толори мактаби махсуси шоҳмоти пойтахти Тоҷикистон тӯли нӯҳ рӯз идома кард. Дар сабқати духтарони шатранҷбоз мубориза барои ҷойи аввал аслан миёни ду нафар - Надежда Антонова ва Шаҳноза Умарова то даври охирин идома ёфт ва дар ниҳоят Надежда Антонова ғолиб омад ва бо нӯҳ хол аз нӯҳ бозӣ барандаи мусобиқот гашт.
Шаҳноза Умарова бо ҳашт хол ҷойи дуввум ва Асила Мӯҳтоҷева бо шаш хол ҷойи севвумро ишғол карданд. Дар сабқати писарони шатранҷбоз Зариф Сафоев ва Икром Илҳомзода бо натиҷаи мушобеҳ дар ҷойи аввал қарор гирифтанд. Ҳарду аз нӯҳ бозӣ ҳаштунимхолӣ ба даст оварда, дар ҳашт бозӣ пирӯз шуданд ва рақобати байни онҳо бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт.
Назруллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG