Пайвандҳои дастрасӣ

Дарси ибрат аз фоҷиаи Осиёи Ҷанубӣ, саъйи муваққатӣ барои ислоҳи вазъ, ҳамкориҳои бенафъ


«Чаро мо пеш намеравем» - ин суол унвони матлаби таҳлилиест, ки ҳафтаномаи «Наҷот» дар шумораи тозанашраш ба табъ расонидааст. Муаллифи мақола дар посух ба суоли матраҳшуда аз суханронии интиқодии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба муносибати 80-солагии таъсиси Додситонии кулли кишвар ёд намуда, навиштааст, ки маъмулан дар пайи чунин суханрониҳои президент масъулини мақомоту ниҳодҳои марбута ба қавле аз як гиребон сар бароварда, зоҳиран талош менамоянд, то аз худ иқдоме нишон бидиҳанд.
Аммо ин фаъолшавию талошварзиҳои яку якбораи масъулин танҳо ба хотири тазоҳур ҳамагӣ як моҳ, ё каме аз он бештар идома меёбаду халос ва бо ҳамин вазъ ба раволи пешинаи худ бармегардад.
Нашрия чунин муносибати масъулини ниҳодҳои алоҳидаи давлатиро сохтакорона ва монеаи аслии рушди ҷомеа номида, афзудааст, маҳз дар пайи вонамуд сохтани чунин садоқати дурӯғин ва бархӯрди намоишкоронаи дастандаркорони ниҳодҳои қудративу интизомӣ дар Тоҷикистон ришвахориву фасоди молӣ ба ҷойи кам шудан дар ҳоли афзудан аст.

"Тоҷикистон» дар шумораи ахири худ бо интишори мақолае ба шарҳи муносиботи сиёсиву низомии Тоҷикистону Русия пардохта, аз ҷумла таъкид намудааст, ки ин равобит танҳо замоне метавонад, ҷавобгӯи манофеъи миллии ду тараф гардад, ки баробари рушди ҳамкориҳои сиёсиву низомӣ дар бахши иқтисод ҳам ҳамкориҳои монанд миёни ин ду кишвар роҳ биафтад.
Аз сӯи дигар навиштааст муаллиф, Русия бояд ҷиҳати тақвияти ҳузури иқтисодии худ дар Тоҷикистон дар навбати аввал ба он мусоидат намояд, ки мушкилоти буду боши муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия роҳи ҳал пайдо намояд. Аммо мутаассифона, то кунун Русия дар ин росто ҷуз додани ваъдаҳои бебаркаш дигар кори ҷиддие анҷом надодааст афзудааст, «Тоҷикистон».

Дар пасманзари заминларза ва сунамии ахири вайронгар қитъаи Осиёи ҷанубу-шарқӣ ҳафтаномаи русизабони «Азия-плюс» таваҷҷӯҳи хонандагонро ба ин нукта ҷалб намудааст, ки бояд Тоҷикистон аз ин фоҷиаи даҳшатангез барои худ дарси ибрат гирад. Зеро қисмати аъзами ин кишвар аз ҷумла пойтахти он шаҳри Душанбе дар бистари ҷуғрофиёие қарор дорад, ки аз лиҳози эҳтимоли вуқӯъи заминларза минтақаи пурхавф маҳсуб меёбад ва ҳаммасола дар он ҳудуди 5000 ҳазор таконҳои зеризаминӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Ба навиштаи ин ҳафтанома, бо таваҷҷӯҳ ба адами омодагии ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон дар сурати вуқӯъи заминларзаи 9 -10 баллӣ дар Душанбе беш аз 50 ҳазор нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. «Азия-Плюс» осебпазирии шаҳри Душанбе ва нотавонии ниҳодҳои изтирории Тоҷикистон дар баробари вуқӯъи ҳаводиси ғайриодии табииро дар мисоли боришоти вазнини тобистонаи соли гузашта дар навоҳии Варзоб ба баррасӣ гирифта, натиҷагирӣ намудааст, ки бояд вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ва ҳукумати Тоҷикистон ҷиддан дар ин самт иқдом намоянд, зеро илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ осонтар аст.
XS
SM
MD
LG