Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳодисаи ҳафта: Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон


Ҷойивазкунӣ, ё тағйироти кадрӣ дар сатҳи муовинати вазирон ва роҳбарони идораҳои саросарӣ ва донишгоҳҳо, ки гуфта мешавад, ба дунболи интиқодоти шадиди раисиҷумҳур аз ниҳодҳои марбут сурат гирифт, бозтоби муҳиме дар афкори ҷомеа ва расонаҳои дихилӣ дошт. Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоте, ки бо роҳбарони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии кишвар дар чанд рӯзи пеш доир кард, бархе мақомотро дар суйистифода аз мансаб, ришвахорӣ ва бемасъулиятӣ дар баробари иҷрои вазифаҳояшон мутаҳҳам намуд. Оқои Раҳмонов ба сурати хос аз кори ниҳодҳои додситонӣ, вазорати дохила, амният ва гумрук шадидан интиқод кард.

Ин ҷумлаи сабзро клик кунед ва интиқодоти президент Раҳмоновро бишнавед.

Ва тағйироти кадрӣ ба дунболи ин интиқодот танҳо дар сатҳи вазорати дохила сурат гирифта ва он ҳам дар сатҳи муовинати вазорат ва сардорони идораҳо. Бархе соҳибназарон бар ин боваранд, он чӣ кӣ сурат гирифтааст, наметавонад дар ислоҳи воқеъии вазъ кӯмак кунад. Қосимшоҳ Искандаров - мудири Маркази мутолеъоти низоъҳои минтақаӣ мегӯяд, назар ба гузориши раисиҷумҳур авзоъ дар ин замина хеле нигаронкунанда аст ва он ҷойивазкунии ба амал пайваста, наметавонад нигарониҳоро рафъ кунад.

Назари коршинос

Аммо ба ҳар ҳол бархе ҳам умедорванд, ки ин тасмимот метавонад, дар раванди ислоҳоти кадрии ниҳодҳои қудратӣ муассир воқеъ шавад. Ҷӯрахон Кабиров - раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқии Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон.

Андешаҳои вакили мардумӣ

Бар иловаи тағйирот дар ҳайъати роҳбарии идораҳои марбутаи вазорати дохила ҳамчунин раисони Донишгоҳи кишоварзӣ ва омӯзгорӣ низ иваз шуданд. Вале акнун бо шурӯъи ҳар соли нав ҷомеаи Тоҷикистон интизори таҳаввулоти кадрӣ дар сатҳи роҳбарии вазорат ва идораҳои ҷумҳурӣ мешавад. Ва имсол бо ваъдаҳое, ки раиси ҷумҳур дар мулоқоташ бо намояндагони ниҳодҳои интизомӣ супурдааст, ҷомеа низ интизори бештареро дар заминаи ислоҳоти кадрӣ дорад. Ба андешаи соҳибназарон, агар ислоҳот дар сатҳи вазирон сурат нагирад, нигарониҳои изҳорнамудаи раисиҷумҳур дар ин замина ҳамчунон нигаронӣ боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG