Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмакҳои СММ барои барномаҳои иҷтимоии Тоҷикистон


Ҳамоҳангсози барномаҳои Созмони Милал дар Тоҷикистон Вилям Пейтон зимни сӯҳбат бо хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтааст, Созмони Милали Муттаҳид солона 60 миллион долларро ба барномаҳои гуногуни иҷтимоии Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои фақири минтақа аст, масраф мекунад.
Пейтон гуфтааст, ки соли гузашта низ Созмони милал якчанд барномаро ба шумули таъминоти ғизоӣ ва дастрасӣ бо оби пок пиёда намуд. Тибқи ин барномаҳо, беш аз яку ним миллион шаҳрванди Тоҷикистон кӯмаки ғизоӣ гирифтанд. Масалан, шогирдон ва муаллимони мактабҳо бо хӯроки гарм таъмин шуданд. Ҳамчунин 450 ҳазор сокинони манотиқи кӯҳсор тавассути лӯлаҳо ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ ёфтанд.
Бо пуштибонии Бунёди кӯдакони Созмони Милал, ЮНИСЕФ, се миллион кӯдакону наврасон ба зидди бемории сурхакон ваксин гирифтанд.
Ҳамоҳангсози барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Вилям Пейтон гуфт, ки созмони ҷаҳонӣ соли ҷорӣ низ кӯмакҳои худро ба аҳолии Тоҷикистон давом медиҳад. Тибқи омори расмӣ беш аз 60 дар сади аҳолии Тоҷикистон камбизоат ҳастанд.
Холидаи Қодир, Прага
XS
SM
MD
LG