Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як сокини Исфара дар марзи минакоришуда


Як шаҳрванди Тоҷикистон дар минаи гузоштаи марзбонони Ӯзбакистон дар сарҳади миёни ду кишвар таркида, ба ҳалокат расид. Хабаргузориҳо мегӯянд, сокини чилсолаи деҳаи Лаккони ноҳияи Исфара дар вилояти Суғди Тоҷикистон, Ҳотамҷон Юсуфов ҳангоми ҳезумчинӣ дар маҳалли наздимарзӣ аз таркиши мина шадидан захмӣ шуда, дар ҷои ҳодиса ҷон дод. Аз соли 2001-ум аз замони минагузорӣ шудани марзи ҳанӯз номуайян ва аломатгузоринашудаи байни ду давлат аз тарафи ҳарбиёни Ӯзбакистон зиёда аз шаст шаҳрванди Тоҷикистон дар ин таркишҳо кушта шудаанд.
Ҳукумати Ӯзбакистон борҳо гуфтааст, ки минаҳоро аз марз бархоҳад чид, вале мӯҳлати аниқи иҷрои ин ваъдаро нагуфтааст. Қирғизистон, ки низ шаҳрвандонаш аз минаҳои марзӣ зиён дидаанд, ба ҳукумати Ӯзбакистон борҳо эътироз баён кардааст.
Салими Аюбзод, Прага

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG