Пайвандҳои дастрасӣ

Занҷираи мушкилоти номзадҳои ҷавон ба парлумон


Набуди имкони муаррифии чеҳраи худ ба раъйдиҳандагон мушкили аслии номзадони ҷавон ба вакилӣ унвон шудааст. Рӯзноманигор ва таҳлилгари масоили сиёсӣ Фахриддини Холбек мегӯяд, дар маъракаи интихоботӣ расонаҳои хабарӣ нақши муҳим ва аввалиндараҷаро мебозанд ва танҳо тавассути васоити ахбори омма сохтани симои арзанда ва муаррифии шахсият имконпазир мебошад:
«Вақте минбари озод барои номзадон нест, хоҳ нохоҳ маъракаи сиёсӣ дар назари мардум як маъракаи ҷиддӣ наметобад. Дар ҳамин ҳол, номзадони ҷавон вақте ҳамин минбарро надоранд, наметавонанд, ки худро ба халқ муаррифӣ кунанд»

Хуршеди Атовулло - сардабири нашрияи сиёсиву иҷтимоии вижаи ҷавонон мавсум ба «Зиндагӣ» бар ин назар аст, ки барои сиёсатмадорони ҷавон имрӯз муаррифии чеҳраи худ барои мардум ишколи зиёде дорад. Хуршеди Атовулло мегӯяд, ҷавонон натавонистаанд худро ба мардум шинос созанд. Бо ду иллат:
«Аз ҷониби як насли қадре калонсол, яъне аз 35 болотар ҳамчун насли бесавод, насли бефарҳанг, насли бемаданият муаррифӣ шудани ҷавонони имрӯз. Ин як. Ва дуввум ин ки, имрӯз сиёсат ҳамчун як чизи хатарнок муаррифӣ мешавад. Ба он хотир, ки сиёсат дар пеши чашми онҳо, дар як зиндагии кӯтоҳи даҳсолаи онҳо дар давраи истиқлол сари бисёре аз чеҳраҳои маъруфро хӯрд. Албатта ин чиз ҷавононро ба фикр водор мекунад, ки аз ин оё беҳтар нест, ки тиҷорат кунанд, ё ба Русия раванд.»

Таваҷҷӯҳи ками ҷавонон ба сиёсат, ки то андозае аз ба истилоҳи Хуршеди Атовулло «хатарноки»-и он бармеояд, на танҳо ҷавононро аз вуруд ба олами сиёсӣ боз медоштааст, балки ҳамчунин ширкати шумори лозимаи интихобкунандаҳои оддии ҷавонро дар интихобот зери суол қарор медиҳад. Ҷавонон дар Тоҷикистон теъдоди аслии раъйдиҳандагонро ташкил медиҳанд. Аз Фахриддини Холбек суол мекунам, ки ба андешаи ӯ ширкати ин бахши бузургтарини соҳибони раъй дар интихобот чӣ гуна хоҳад буд?
«Воқеъан, ширкати ҷавонони мо дар интихоботи оянда мисли интихоботи гузашта нофаъол мемонад. Якум сабаб ин ки аксарияти онҳо ҳанӯз дар Русия ҳастанд, дуввум сабаб, онҳо умуман ба сиёсат таваҷҷӯҳ надоранд.»

Дар як пурсиш роҷеъ ба интихобот посухи маъмултарини ҷавонон «Намедонам» буд.
Дар ҳамин ҳол тавре Фахриддини Холбек гуфт, як бахши бузурги дигари ҷавонони соҳиби раъй дар Русия ба сар мебаранд. Бархи дигаре, ба ватан барои ба истилоҳ «истироҳати зимистона» омадаанд ва сар аз охири феврал бозгашти онҳо ба Русия сар шурӯъ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG