Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози мавсими нави варзиш дар Тоҷикистон


Нарзуллои Латиф

Мавсими нави варзиш дар Тоҷикистон бо мусобиқоти шоҳмотбозони ҷавони шаҳри Душанбе шурӯъ шуд. Дар ин мусобиқот, ки дар толори мактаби махсуси шоҳмот то 10-уми январ идома хоҳад кард, беш аз 70 нафар шатранҷбози синнашон то 20-сола ширкат меварзанд.
Бино ба иттиллои Рашид Ҳусейнов, раҳбари мактаби шоҳмоти Душанбе дар мусобиқот шатранҷбозони ҷавону маъруфи тоҷик, пешсаф мебошанд. Байни писарони шатранҷбоз Зариф Сафоев ва Икром Илҳомзода дар ҷойи аввал қарор доранд. Ҳарду аз 5 бозӣ чорунимхолӣ ба даст овардаанд.
Миёни духтарони шатранҷбоз баъди шаш даври бозиҳо Надежда Антонова, узви дастаи мунтахаби занонаи шоҳмоти Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол мекунад. Вай дар ҳамаи шаш бозӣ рақибони худро шикаст дод. Рашид Ҳусейнов мегӯяд, ҳадафи ин мусобиқот дарёфти зӯртарин шатранҷбозони ҷавон мебошад. Онҳо барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон, ки моҳи март баргузор хоҳад шуд, роҳ меёбанд.
Назруллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG