Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалли мушкили тӯлонии сокинони Кулоб


Пас аз 12 соли интизорӣ барои нахустин бор кампири Бозоргул аз лӯлаи оби хонааш воқеъ дар ошёнаи 5-уми маҳаллаи Сайфиддин Сангови Кӯлоб об гирифт. Оби ошомиданиро то хонаи Бозоргул Одинаева Урбан Институти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баровард. Масъулини Урбан-Институт мегӯянд, об ба биноҳои баландошёна пас аз васли ҳисобкунакҳои об баромадааст. Ин созмон барои таҷриба дар чанд бино ҳисобкунакҳоро васл кард ва акнун барои ҳар литр оби ошомиданӣ мардум бояд пул диҳанд. Аз ин рӯ лӯлаҳои обгири хонаҳои поинии баландошёнаҳоро, ки пайваста боз буданд, мардум баст ва об ба ҳамаи хонаҳо расид. Роҷеъ ба таҷрибаи нахустин Марин Жбанович - муовини раиси Урбан Институт мегӯяд:
«Лоиҳаи мазкур хеле муваффақ буд. Зеро ин лоҳиаро ҳам ҳукумати шаҳр, ва ҳам аҳолии биноҳои баландошёнаи таҷрибавӣ дастгирӣ кардаанд. Натиҷаи таҷрибаи мо нишон дод, ки пас аз васли ҳисобкунакҳо мардум оби ошомиданиро сарфа мекунанд ва дар натиҷа об ба биноҳои баландошёна бе ягон мамониат мерасад.»
Марин Жбанович - муовини садри Урбан Институти ИМА мегӯяд, лоиҳаи мазкур дар дигар шаҳракҳои минтақа ҳам пиёда мегардад. Тибқи иттилоъи Асадулло Ғуломов - муовини сарвазири кишвар барои бо оби ошомиданӣ таъмин кардани тамоми аҳолии шаҳри Кӯлоб 4,5 миллион доллари амрикоӣ лозим аст.
Сайёфи Мизроб, Кӯлоб
XS
SM
MD
LG