Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбониёни нави бемории сил дар Қӯрғонтеппа


Қӯрғонтеппа

Усмоналӣ Носиров, пизишки Маркази мубориза бо бемории сил дар вилояти Хатлон мегӯяд, дар соли гузашта ҳудуди сад нафар аз сокинони вилоят, ки гирифтори бемории сил буданд, ҷони худро аз даст доданд. Ба гуфтаи ӯ ин дар ҳолест, ки бемории мазкур дар ҳудуди вилоят ҳамасола афзоиш мекунад: "Дар вилоят 818 нафар гирифторони бемории сил ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон бо ин дар соли 2004 88 нафар сокинони вилоят вафот карданд, ки дар соли гузашта фавти беморони сил дар ҳудуди Хатлон расман сабти ном нагашта буд. "

Оқои Носиров ҳамчунин афзуд, бо назардошти афзоиши теъдоди сироятшудагон ба бемории сил дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилоят як маркази ҷадиди табобати ин беморӣ боз кардаанд. Усмоналӣ Носиров мегӯяд, иллати аслии афзоиши бемории сил дар Хатлон ба мушкилоти иҷтимоии мардум бастагӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамзамон бо қашшоқӣ мардуми зиёде мунтазам ба як вазъи шаддиди рӯҳиву равонӣ мувоҷеҳанд: "Зиёдшавии гирифторони бемории сил аслан аз рӯи камбизоатӣ аст. Аз он сабаб, ки мардум Русия мардикорӣ мераванд ва онҷо шароити хуби зиндагӣ надоранд. Ҳамчунин ин ба асаб низ таъсири бад дорад, зеро намедонад пагоҳ чӣ кор мекунанд, кор меёбанд ё не? Аз тарафи дигар истироҳат карда наметавонанд, ки ҳамаи ин иммунитети инсонро суст мегардонад ва он бе мушкил тобеи ҳар гунна беморӣ, аз ҷумла сил мегардад."

Оқои Носиров мегӯяд, мушкили аслии табобати бемории сил давраи аввали хуруҷи ин беморӣ мебошад, вале дар бештарин маворид гирифторони бемории сил давраи аввали хуруҷи ин бемориро бо назардошти мушкилҳои молӣ сарфи назар намуда, аз табобат худдорӣ мекунанд. Пизишк мегӯяд, маблағи табобати се моҳи авали бемории сил, яъне давраи табобати фаъолро дар Тоҷикистон ҳудуди 500 доллар аст.
XS
SM
MD
LG