Пайвандҳои дастрасӣ

Дараҷаи озодии иқтисодӣ дар Тоҷикистон


Бунёди Ҷаҳонии Мерос вазъи иқтисоди кишварҳои ҷаҳонро баррасӣ карда, Тоҷикистонро дар ҷои 144-ум гузошта, иқтисоди онро ба категории "иқтисоди ғайриозод" шомил кардааст. Ин бунёд бо такя ба Палатаи Тиҷоратии Амрико мегӯяд, раванди хусусигардонии моликияти миёна ва бузург дар Тоҷикистон суст аст ва танҳо 16 дар садро ташкил медиҳад ва бахши сохтмон, нақлиёт, мухобирот ва кишоварзӣ зери назорати давлат мебошад. Кишту парвариш ва коркарди пахта таҳти назорати давлат аст ва мафоди ҳукумат низ вобастаи ин бахш мебошад.
Гузоришгарони Бунёди Ҷаҳонии Мерос навиштаанд, ки соли гузашта сиёсати молии Тоҷикистон беҳбуд ёфт, агар сатҳи таварум то соли 2002-ум беш аз 22 дар сад буд, феълан ҳудуди 18 дар садро ташкил медиҳад.
Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ низ кӯшиш мекунад ва ба ин мақсад, сармоягузорони хориҷиро дар ду соли аввали фаъолият дар Тоҷикистон аз пардохтани молиёти мафод озод намуд. Вале авомили дигар, аз қабили набудани суботи сиёсиву иқтисодӣ, густариши фасодкорӣ, заъфи раванди ислоҳоти демократӣ ва сустии ҷараёни хусусигардонии моликияти миёна ва бузург садди роҳи сармоягузориҳои бештари хориҷӣ ба Тоҷикистон шудаанд.
Бунёди Ҷаҳонии Мерос ҳамчунин навиштааст, ки сохтори банкии Тоҷикистон низ заиф мебошад. Шонздаҳ бонки тиҷоратӣ асосан ба интиқоли қарзҳои Бонки Миллӣ ба ширкатҳои давлатӣ машғуланд. Моликияти сохтори пулии кишвар зери назорати давлат аст. Давлат ҳамчунин маошҳо ва нархҳоро низ назорат мекунад.
Холидаи Қодир, Прага
XS
SM
MD
LG