Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Раҳмонов ба табдили ҳукумат шурӯъ кард


шаҳри Душанбе

Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон чандин дигаргунӣ ба амал омад, ки яке аз онҳо ба кори дипломатӣ гузаштани ноиби сарвазир Қозидавлат Қоимдодов буда, бахши дигари асосии фармонҳо ба вазорати корҳои дохилии кишвар марбут шудааст.
Президент Раҳмонов фармондеҳи нерӯҳои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал Ҳабибулло Юсуфовро аз вазифааш барканор намуда ба ҷойи ӯ Абдуманнон Ғозиевро таъйин кардааст.. Ҳамчунин муовинони вазири корҳои дохилӣ Маҳмадсаид Ҷӯрақулов ва муовини раиси Бунгоҳи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Раҳим Каримов аз мансабҳои хеш сабукдӯш шуданд. Маҳмадсаид Ҷӯрақулов раҳбари идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташакиллона таъйин гаштааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон полковник Файзулло Абдуллоевро муовини аввали раиси ин ниҳод таъйин кардааст, ин мансабро қаблан Мирзоавлиё Шеравлиёв раҳбарӣ мекард ва пас аз таъйини ӯ ба вазифаи дигар то дирӯз ин мақомро касе ишғол намекард.
Дар ҳамин силсила мудирони донишкадаҳои кишоварзӣ ва омӯзгорӣ ва сарони чанд ноҳия иваз карда шуданд. Сухангӯи президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифов гуфт, ин дигаргуниҳо дар заминаи баррасии кори сохторҳои қудратӣ дар як нишасти густарда дар охири моҳи декабр бо иштироки президент Раҳмонов ба амал омадаанд. Дар ивази ноиби сарвазир Қоимдодов, ки сафири Тоҷикистон дар Туркманистон таъин шуд, шахси нав эълон нашудааст.
Фирӯзи Барот, Душанбе
XS
SM
MD
LG