Пайвандҳои дастрасӣ

Иқлими номусоид барои сабзидани занони сиёсатмадор


Бахши аъзами занҳои тоҷик нисбат ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонии Тоҷикистон хушбин нестанд, зеро ба гуфтаи онҳо, ҳанӯз дар арафаи интихобот пайдост, ки интихоботи навбатӣ низ ба мисли интихоботи гузашта шафоф ва мутобиқи қонунҳои демократӣ сурат нахоҳад гирифт. Дар феҳристи номзадҳои бархе аз аҳзоби сиёсӣ номи танҳо ду, ё се нафар занро метавон пайдо кард ва бо вуҷуди он ки то интихобот фурсати каме боқӣ мондааст, ҳанӯз феҳрасти ҳавзаҳои якмандатӣ бо номи занҳои номзад ба парлумон пешниҳод карда нашудаанд.

Аслиябону Шогунбоева, як зани сиёсатмадори тоҷик дар робита ба ин масъала гуфт: "Конфронс гузарондани мо дар Хоруғ раиси ҳукуматро ба таҳлука андохт ва гуфт, дар ин ҷо ҳар кас ба бетартибӣ роҳ медиҳад. Аз ин маълум мешавад, ки танҳо ба ҳизби ҳоким иҷозат дода шудааст, ки чорабиниҳои пешазинтихоботӣ гузаронад, ба ҳизбҳои дигар не." Мамлакат Ҷайчиева, узви Ҳизби демократи Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҳатто лидерони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз қавонини демократии интихобот ба хубӣ огаҳӣ надоранд. Ба гуфтаи хонум Мамлакат бахусус барои занҳо роҳ ҷониби сиёсат ва мавқеъи муҳим дар ҷомеъаи кунунии Тоҷикистон ноҳамвор ва мушкил аст.

Аммо дар ҳамин ҳол Мавлон Мухторов, муншии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба қонуну қарорҳои тоза ба тасвибрасида оид ба боло бурдани мақому манзалати зан дар ҷомеа тамоми шароитро барои ширкати занҳои шоиста дар интихобот фароҳам овардааст: "Дар Тоҷикистон ягон қонуне вуҷуд надорад, ки фаъолияти занҳоро дар самтҳои мухталифи ҷомеъа манъ кунад. Ин ба худи занҳо бастагӣ дорад. Онҳо метавонанд бо роҳи ҳизбӣ, инфиродӣ ва худпешбарӣ номзадиашонро пешниҳод кунанд ва курсиҳоро дар парлумон соҳиб гарданд."

Дар ҳамин ҳол Ниссо Абдулова, омӯзгори яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе мегӯяд, бархе аз вакилони мардумӣ, аз ҷумлаи занон дар парлумони феълӣ фаъол нестанд ва барои мардуми ҷомеъа бахусус занҳо, ки 54 дар сади аҳолии ин кишварро ташкил мекунанд, иқдоми муҳиме анҷом надодаанд. Хонум Абдулова афзуд: "Ҳанӯз ҷамъияти мо пурра омода нест ва ҳамон занҳое, ки дар парлумон ҳастанд аз ҳуқуқи худ бархурдор нестанд ва онҳоро пурра истифода карда наметавонанд."

Ҳаким Мирзоев - намояндаи ҳукумати маҳалии вилояти Хатлон назари худро нисбат ба мавқеву мақоми зан дар ҷомеа ва роҳ ёфтани ӯ ба сиёсат чунин баён дошт: "Чуноне ки агар одам ҳарду дасташро яксон истифода кунад, кораш хубтар пеш меравад, дар ҷомеъа низ як даст зан ва дасти дигар мард бошад ва баробар фаъолият кунанд, ҷомеа пеш меравад." Ба гуфтаи коршиносон, бо вуҷуди ба тасвиб расидани қонуну қарорҳо ва барномаҳои ҳукуматӣ оид ба боло бурдани мақому манзалати зан ҳанӯз ҳам шароити солим дар Тоҷикистон барои зоҳир шудани занони лидер ва пешқадам вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG