Пайвандҳои дастрасӣ

Аз мансаб барканор шудани сардори БДА


Тибқи фармони вазири умури дохилаи Тоҷикистон Нуралӣ Шералиев, сардори Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии ин кишвар аз мақомаш барканор шуд. Генерал Шералиевро, ки даҳ сол дар мақоми сардори ин идора қарор дошт, генерали дигар Сайидмӯсо Мӯсоев - сардори пешини идораи кадрҳои вазорати дохила иваз кард. Ин иқдом дар пайи интиқоди чанд рӯзи пеши Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳур аз мақомоти интизомӣ, ба хусус аз Бозрасии давлатии автомобилӣ сурат мегирад. Эмомалӣ Раҳмонов дар мулоқот ба намояндагони ниҳодҳои интизомӣ аз мавридҳои ришваситонӣ ва суйистифода аз мақом аз ҷониби кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ шадидан интиқод кард ва ваъдаи ислоҳот дар ин заминаро супурд.
Оқои Раҳмонов аз ҷумла гуфт: "Аз тарафи баъзе кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ бемаврид боздоштани воситаҳои нақлиёт, ришваситонӣ, аз ронандагон гузоштани посгоҳҳои сайёри аз ҳад зиёд, ҳамчунин маданияти пасти муоширату муомилаи онҳо, боиси норозигии мардум ва коҳиш ёфтани эътибори ин сохтор гаштааст."
Аммо ронандаҳои оддии Душанбе мегӯянд, бо иваз шудани раҳбари Бозрасии автомобилии кишвар гумон аст, ки рафтори нозирони роҳ беҳтар ва бо баҳонаҳои гуногун ришваситонӣ аз онҳо кам шавад. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмонов, бар асоси барномаи ислоҳоти нирӯҳои интизомӣ, ҳадди аққал сӣ дарсади кормандони идораи бозрасии давлатӣ ихтисор ва буҷаву имконоти ин идора ба ихтиёри Кумитаи марзбонии Тоҷикистон вогузор хоҳад шуд. Зеро кумитаи марзбонӣ бо дар ихтиёри худ гирифтани назорати марз дар Бадахшон ба нирӯ ва имконоти бештаре ниёз дорад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG