Пайвандҳои дастрасӣ

Исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон дар симои ду ҳизби мазҳабӣ


Дар Тоҷикистон ба сурати умум ду ҳизби мазҳабӣ - Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизб-Ут-Таҳрир фаъолият доранд. Ҳизби наҳзат фаъолияти расмӣ дошта, дар парлумони кишвар намоянда дорад, аммо Ҳизби таҳрир фаъолияти ғайрирасмӣ дошта, махфиёна амал мекунад. Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ яке аз чеҳраҳои маъруфи исломӣ ва сиёсӣ ва масъули яке аз ҷонибҳои сулҳкунандаи кишвар дар солҳои ҷанги дохилӣ мебошад. Аммо раиси Ҳизби таҳрир, ё аниқтараш бунёдгузори он Таққиуддини Набаҳонӣ - ҳуқуқшиноси фаластинӣ буда, баъдан сарварии ин ҳизб дар соли 1977 ба дӯши Абдулқадим Заллуми фаластинтабор гузошта шудааст. Дар даҳсолаҳои баъдӣ ин ҳизб аввал дар кишварҳои исломӣ ва баъзе кишварҳои мусулмоннишин ва баъдан дар бархе аз давлатҳои аврупоӣ шӯъба ифтитоҳ кардааст. Аммо роҷеъ ба мавҷудияти шохаи тоҷикистонӣ, ё масъули шӯъбаи тоҷикистонии Ҳизби таҳрир иттиллое вуҷуд надорад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳизбест, ки дар дохили ин кишвар созмон ёфтааст, аммо Ҳизби таҳрир ҳарчанд дар ҷомеаи Тоҷикистон тарафдор дорад, вале ба назари коршиносон як нерӯи хориҷии аз берун омадааст.
Аъзои Ҳизби наҳзат танҳо аз мазҳаби Ҳазрати Имоми Аъзам пайравӣ мекунанд, аммо намояндагони Ҳизби таҳрир пайрави кадом мазҳаб буданашонро баён намедоранд. Соҳибназарон мегӯянд, ки онҳо бар асоси ду далел аз гуфтани мазҳаби худ худдорӣ меваразанд - аввал ин ки ҳадафи аслии Ҳизб-Ут-Таҳрир эҷоди хилофати ягонаи исломӣ дар ҷаҳон ба ин иҷоза намедиҳад, зеро агар узви Ҳизб-Ут-Таҳрир пайрави ин, ё он мазҳаб будани худро ошкор кунад, ин ба масъалаи эҷоди хилофат мухолифат мекунад. Сабаби дуввум ин аст, ки агар маблағгузорони аъзои ҳизб дар Тоҷикистон пайрави мазҳаби ғайриҳанафӣ бошанд, аз ин рӯ аз тарси он ки мабодо пуштибони молии худро аз даст медиҳанд, мазҳаби худро ошкор намекунанд.

Дар яке аз сӯҳбатҳо намояндаи Ҳизби таҳрир, ки худро Раҳмон Шамсиддинов муаррифӣ кард, гуфт аз лиҳози тариқат миёни ҳизби онҳо ва Наҳзат ихтилоф вуҷуд дорад: "Дар байни мо набояд ҳеҷ низое сурат гирад. Зеро мақсади онҳо ҳам Ислом мақсади мо ҳам Ислом мебошад. Лекин тариқати мо гуногун аст. Танҳо дар масъалаи тариқат ихтилоф вуҷуд дорад." Аммо ҷаноби Шамсиддинов пайрави кадом мазҳаб будани худро пинҳон медорад. Аз лиҳози сиёсӣ низ миёни ин ду ҳизб ихтилоф вуҷуд дорад. Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бар асоси қонунҳои кишвар ва бо шиори "Тоҷикистони обод" фаъолият дорад. Сарвари дастгоҳи ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд:
"Ҳизби наҳзати исломӣ фаъолияти худро бар асоси қонунҳои ҷории кишвар, тибқи Қонуни аҳзоби сиёсии Тоҷикистон пеш мебарад. Роҳҳои ба ҳадаф расиданро танҳо дар заиинаи сиёсӣ мебинад, яъне ширкат дар маъракаҳои сиёсӣ, албатта дар интихоботҳо. Агар мардум аз ҳизб пуштибонӣ кунанд, ҳизб метавонад, дар ҳукумати қонунгузор, яъне дар парлумон намояндагони худро дошта бошад ва ба ин васила дар идораи ҳукумат ширкат кунад."

Аммо намояндаи Ҳизби таҳрир мегӯяд, чун ҳадафи сиёсии онҳо эҷоди хилофати исломӣ аст, роҳи Ҳизби таҳрир аз Ҳизби наҳзат фарқ мекунад. Узви ҳизб худро Шодӣ Гулмаҳмадов муаррифӣ намуда, гуфт, дар баъзе масҷидҳои Душанбе бо намояндагони Ҳизби наҳзат рӯ ба рӯ мешавад ва роҷеъ ба масоил мухталиф баҳс мекунад: "Албатта мо бо Ҳизби наҳзати ислом мувофиқ омада наметавонем, зеро онҳо роҳи худашонро доранд. Мувофиқи таълимоти Ҳизби таҳрир, то замоне бунёди хилофат мо ба корҳои моддӣ (истифода аз силоҳ) даст намезанем, чуноне ки дидем, Ҳизби наҳзат ба корҳои моддӣ даст зада буд. Албатта онҳо бародарони мо ҳастанд ва роҳи худашонро доранд."

Ахиран, Сайид Абдулоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби наҳзати ислом ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун бо намояндагони Ҳизби таҳрир рӯ ба рӯ наомадааст ва онро ба унвони як ҳизб дар Тоҷикистон намешиносад. Вай афзуд: "Чун ҳарвақта мо дар мавриди Ҳизби таҳрир гуфтаем, ки он аз лиҳози шаръӣ ҳуқуқи фаъолият дар Тоҷикистонро надорад, чун дар ин ҷо ҳизби исломӣ фаъолият дорад. Ва дар қонуни Ислом омадааст, чун як амир бошад, бояд ҳама ба ӯ итоат кунанд. Аз лиҳози қонунӣ низ ҳаққи фаъолият надорад, зеро расман сабти ном нашудааст."
Дар Тоҷикистон Ҳизби наҳзат ба унвони яке аз ҷонибҳои сулҳкунандаи кишвар дар ҷанги шаҳрвандӣ ва аз ҷумла, саҳми муҳими лидери он Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар роҳи ба даст овардани сулҳ ва оштии миллӣ шинохта шудааст. Ин ҳизб дар парлумони феълӣ намоянда дошта ва барои созмони фраксия дар парлумони оянда талош дорад.

Ба назари коршиносони тоҷик, фаъолияти махфӣ ва мармузи Ҳизби таҳрир аз ҳар лиҳоз барои амният ва ҷомеаи Тоҷикистон хатар дорад, зеро он як нерӯи иртиҷоӣ ва харобкор аст.
Дар ҳамин ҳол коршиноси Пажӯҳишгоҳи стратегии Тоҷикистон Фаррух Умаров мегӯяд, наҳзатиён бо истифода аз имконоти худ метавонанд, чеҳраи махфии таҳририҳоро карда ва симои аслии онро ба мардум, аз ҷумла ҷавонон ва занон нишон диҳанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG