Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мушкили номзади Ҳизби сотсиал-демократ дар Конибодом


Шокирҷон Ҳакимов - намояндаи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ҳавзаи интихоботии шумораи 19-уми ноҳияи Конибодом асноди лозимро ҷиҳати ҷамъоварии имзои ҷонибдоронаш дар ихтиёри ӯ қарор надодааст. Мақомоти ҳавзаи интихоботӣ ба намояндаи Ҳизби сотсиалист гуфтаанд, ки аснод барои ҷамъоварии имзои ҷонибдорони номзадҳоро дарёфт накардаанд, агарчӣ ба гуфтаи оқои Ҳакимов бар асоcи қонун ин аснод бояд дар таърихи 29 декабр, яъне дар шаш рӯзи пеш дар ихтиёри довталбабон қарор мегирифт. Шокирҷон Ҳакимов қасд дорад, дар сурати натиҷа надодани талошҳояш ҷиҳати ба даст овардани аснод барои ҷамъоварии имзои ҷонибдоронаш ба додгоҳ муроҷиат намояд.
Аммо ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов - раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, дар мушкили пешомада худи оқои Ҳакимов низ гунаҳкор аст, зеро ӯ бояд аввал ба Комиссияи марказии интихоботӣ муроҷиат мекард. Оқои Додоҷонов мегӯяд, тамомии асноди лозим дар таърихи муқарраршуда дар ихтиёри 41 ҳавзаи инфиродӣ, аз ҷумла ҳавзаи 19-уми ноҳияи Конибодом қарор гирифтааст ва ин даъво, ки гуё асноди вобаста ба ҷамъоварии имзо дар ҳавза вуҷуд надошта бошад, беасос аст.
Муҳибулло Додоҷонов ҳамчунин гуфт, айни чунин маврид дар ҳавзаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе низ пеш омада буд, ки бо мудохилаи Комиссияи марказии интихоботӣ ҳал шудааст. Ба қавли вай, то кунун аз тариқи ҳавзаҳои инфиродӣ дар саросари кишвар ҳудуди 60 нафар довталаб барои дарёфти асноди лозим ҷиҳати ҷамъ оварии имзои ҷонибдоронашон муроҷиат кардааст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG