Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоби раиси нави бахши Ҳизби наҳзат дар вилояти Суғд


Сарвари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Додоҷон Ёқубов бо хоҳиши худ аз вазифааш барканор ва ба ҷойи ӯ Убайдулло Файзуллоев, як узви дигари раёсати бахши вилоятӣ интихоб шуд. Додоҷон Ёқубов - устоди собиқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғдро 2 сол боз раҳбарӣ мекард, дар конфронси бахши вилоятии ҳизб гуфт, сабаби аз ин мансаб даст кашиданаш заъфи саломатиаш аст.
Дар ин конфронс бахши вилоятии Ҳизби наҳзат омодагиашро ба интихоботи парламентӣ изҳор дошт. Убайдулло Файзуллоев - сарвари тозаинтихоботи бахш гуфт, беш аз 120 узви ҳизб барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва маҷлисҳои вилоятиву маҳаллии Суғд пешбарӣ шудаанд, ки нисбат ба шумораи номзадҳо дар интихоботи парламентии соли 2000 - ум ду маротиба зиёд мебошад: «Барои иштирок дар интихобот аз ҳавзаҳои якмандатӣ 6 нафар, ба маҷлиси вилоятӣ 17 нафар ва ба маҷлисҳои маҳаллӣ беш аз 100 нафар аз ҷониби бахши вилоятии Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд пешбарӣ шуданд.»
Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Файзуллоев, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ номзадии чаҳор узвашро аз вилояти Суғд ба вакилии Маҷлиси Намояндагон пешбарӣ кардааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб , Хуҷанд
XS
SM
MD
LG