Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати аъзои як хонавода аз офати табиӣ


Панҷ узви хонаводаи Нурбобоевҳо аз деҳаи Иторчии ноҳияи Ғончӣ ва ду меҳмони ин оила дар натиҷаи ярч ва ё фурӯафтии замин бар рӯи манзили онҳо зери хоку лой монда, ба ҳалокат расиданд. Се нафари кушташудагон кӯдакон будаанд.
Ба иттилоъи ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд, манзили хонаводаи Нурбобоевҳо дар таги як теппа бунёд шуда ва боришоти зиёд ба кӯчиши теппаи хокӣ бар болои манзили онҳо сабаб шудааст. Се набераи аз 6-моҳа то чаҳорсола, арӯсу модарарӯс ва ду зани дигари меҳмони хонавода дар зери хок монда, сипас ҷасадҳои беҷони онҳо берун оварда шудааст.
Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Суғд мегӯяд, ба офатзадагон хайма ва аз ҳукумати Суғд кӯмаки молӣ расонида шудааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG