Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари аввалин гурӯҳи зойирони тоҷик ба Саъудия


Нахустин гурӯҳи зойирини тоҷик дар се ҳавопаймо мустақиман аз Душанбе ба Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парвоз кард. Яке аз масъулони сафари ҳаҷ Муҳаммадӣ Мудинов гуфт, ҳайъати нахустин аз шашсад нафар иборат аст. Тибқи муқарароти нави Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон, дар соли равон мусофирати зойирин танҳо тавассути ҳамин кумита ва бо кӯмаки Маркази исломии кишвар, вале бидуни иштироки ҳеҷ яке аз ширкатҳои сайёҳӣ сурат хоҳад гирифт. Ба гуфтаи масъулини Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон, яке аз фарқиятҳои маросими ҳаҷҷи имсола дар қиёс бо солҳои қаблӣ ин аст, ки зойирини тоҷик ҷиҳати анҷоми яке аз фароизи динии худ, яъне зиёрати макони муқаддаси мусалмонон хонаи худо танҳо аз роҳи ҳавоӣ истифода хоҳанд кард.
Нархи чиптаи равуо аз Душанбе ба Ҷидда пойтахти Арабистони Саудӣ ва масрафоти ин мусофират аз қабили дарёфти шиносномаи хориҷӣ, раводид, меҳмонсаро ва ғизои зойирин 1750 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст.
Ба иллати он ки соли гузашта дар ҷараёни сафари зоирини тоҷик мушкилоти зиёде ҷиҳати дарёфти раводиди Арабистони Саъудӣ пеш омада ва ҳамчунин аз қисме аз зоирин бар иловаи маболиғи таъйиншуда дар роҳи сафар ба таври изофа пул ситонида шудааст,бо дархости Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон як тан аз масъулини вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ ҷиҳати мусоидат дар таҳияи асноди лозим ба Душанбе даъват шуд. Ба гуфтаи Муҳаммадӣ Мудинов масъули маросими гусели зойирини тоҷик, соли равон 4200 шаҳрванди кишвар тавофи Каъба хоҳад кард.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG