Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳаракати Ҳизб-Ут-Таҳрир ба самти вилояти Хатлон


Хатлон

Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бар ин назар аст, дар манотиқе, ки дини Ислом ва мусулмонон зери фишори мақомоти давлат қарор доранд ва ормонҳои аслии ин динро наметавонанд, рӯи кор биёранд, ҳар гуна гурӯҳу аҳзоби иртиҷоӣ, аз ҷумлаи «Ҳизб-Ут-Таҳрир» нуфуз пайдо мекунад: "Ҳизб-Ут-Таҳрир бештар дар минтақаҳое авҷ мегирад, ки Ислом зери фишор қарор мегирад ва мусулмонон дар он ҷо наметавонанд ба ормонҳои исломии худ ноил шаванд. Ё дар ин ин манотиқ ҳукуматҳои сахте ҳаст, ки ислом дар ин ҳузури ин ҳукуматҳо наметавонанд мавқеи худро ифода кунанд."

Ин дар ҳолест, ки бар асоси иттилои Сӯҳроб Каримов, муфаттиши шӯъбаи назорат аз болои мақомоти интизомии Додситонии вилояти Хатлон дар 11 моҳи соли ҷорӣ 27 нафар бо ҷурми ҳамкорӣ бо «Ҳизб-Ут-Таҳрир» боздошт ва ба маҳкама кашида шудаанд. Ба гуфтаи Сӯҳроб Каримов, аз ҷумлаи боздоштшудагон дар минтақаи Қӯрғонтеппа як нафар зани узбактабор будааст. Ӯ меафзояд, Саломатхон Мирвайсова, сокини вилояти Фарғона дар ноҳияи Ёвон аз сӯи кормандони амният бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизб-Ут-Таҳрир боздошт гардид.
Дар ҳамин ҳол сабабҳои нуфузи бештар пайдо кардани Ҳизб-Ут-Таҳрир дар Хатлонро мақомоти додситонии вилоят ба мушкилоти ҷомеаи имрӯз ва камсаводии ҷавонон марбут медонанд: "Ба ин ҳизб асосан ҷавонон, шахсони аламзада бекору камбизоат, сари вақт музди меҳнат ё нафақаашонро намегирифтагӣ ва нафароне, ки ғайриқонунӣ таъқибу таҳқир шудаан, шомил гаштаанд. Бояд зикр кард, ки ҷавонон ва нафарони ба ин ҳизб аъзошуда қариб ҳамашон саводи кофӣ аз дини мубини Ислом ва сиёсат надоранд.Онҳо аз моҳияти иртиҷоӣ ва ҳадафҳои ниҳонии Ҳизб-Ут- Таҳрир аз қабили бо яроқ ғасб кардани ҳокимият ва оқибатҳои он огаҳ нестанд."

Ин дар ҳолест, Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хатлон мӯътақид аст, бо паси панҷара кашидани нафарони бо Ҳизб-Ут-Таҳрир ҳамкорӣ дошта наметавон минтақаро аз ҳузури ин ҳизб пок сохт: "Аз ин чиз мо халос хӯрда наметавонем, инро ба мубориза бурдан намешавад маҳв кард. Мо имрӯз бо Ҳизб-Ут-Таҳрир мубориза мебарем, боз бо номи дигар айнан пайдо мешавад, чӣ фарқ дорад?
Ба назари Оқои Садриддинзода, илло Ҳизб-Ут-Таҳрир дар Тоҷикистон созмонҳои дигари хориҷӣ низ ба таври расмӣ фаъоланд, ки мақсади онҳо аз ин ҳизби мамнӯъ камтар нест.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хатлон бовар дорад, танҳо дар сурати созиши ҳукумати вақт бо дини Ислом ва озодии мардум дар мавриди расидан бо ормонҳои исломии худ метавон афзоиши нуфузи Ҳизб-Ут-Таҳрирро дар кишвар монеагузорӣ намуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG