Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё дар Душанбе кӯчаи Иржи Бечка пайдо хоҳад шуд?


Рӯзи 30-юми декабр дар Прага маросими видоъ бо Иржи Бечка, ховаршиноси маъруф, ки дар синни 89-солагӣ даргузашт, баргузор шуд. Дар он сарон ва чеҳраҳои шинохтаи Академияи улуми Ҷумҳурии Чех, вазоратҳои фарҳанг ва умури хориҷии ин кишвар, намояндагони сафоратҳои Эрон ва Афғонистон дар Прага, дӯстону ҳамкорони устод, аъзои Созмони дӯстӣ ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Чех бо эрониён, афғонҳо ва тоҷикон ширкат карданд. Устод Бечка дар мазористони Збраслави Прага ба хок супурда шуд. Дар сари марқади ӯ нимпайкарааш, ки як ҳайкалтароши чех сохтааст, устувор гардид.

Ҳарчанд Тоҷикистон ба хабарҳои нохуш одат кардааст, даргузашти Иржи Бечка дар ин кишвар барои бисёриҳо ҳамчун марге дар хонаводаи худ такондиҳанда буд. Дафъатан ба ёди онҳо Бечкаи дар остонаи навадсолагӣ ҳам нирӯманду зиндадил ва монанди як кӯдак кунҷков омад, ҳангоми сафари ахираш ба Тоҷикистон, дар тирамоҳи соли 2002-юм. Вай он рӯзҳо монанди фарзанде ки ба дидори модар расидааст, шоду хушбахт намудор мешуд ва дар ҳама ҷо сулҳро ба мардуми тоҷик табрик мегуфт.
Муаллифи бахши адабиёти тоҷик дар асари машҳури Ян Рипка "Таърихи адабиёти Эрон", ки ба даҳҳо забони Аврупо тарҷума шудааст ва муаллифи рисолаи "Таърихи адабиёти тоҷик", нависандаи наздик ба ҳазор мақола ва 50 китоб роҷеъ ба адабиёти Тоҷикистон, устод Иржи Бечка, дар рӯйи тарҳи шумораи нави маҷаллаи "Бӯстон", дар миёни тарҷумаҳои тозаи назму насри Тоҷикистон ва хабарҳои фарҳангӣ аз кишварҳои форсизабон аз пой афтод. Вай гӯё ҳис мекард ва мегуфт, шумораҳои охирини ин фаслномаро таҳия мекунад. Ҳамзамон устод Бечка китоберо дар бораи таърихи муносибатҳои чех бо олами форсизабон, яъне Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон менавишт ва умед дошт, онро низ пеш аз он ки аҷал даррасад ба поён хоҳад расонд. Вале ин асар нотамом боқӣ монд. Як сол пеш аз маргаш устод Бечка куллиёти тарҷумаҳои рубоиёти Умари Хайёмро ба нашр расонд ва дар охирин соли умраш "Луғати форсию чехӣ ва чехию форсӣ", ки шояд бо номи Луғати Бечка маъруф шавад, дар нашриёти Ал-Ҳудои Теҳрон чоп шуд.
Иржи Бечка 16-уми октябри соли 1915 дар шаҳри Прага зода шуда, ҳамчун фарзанди яке аз банкирҳои муваффақи чех метавонист, дар молия ва ё соҳибкорӣ зиндагии роҳате дошта бошад. Аммо дар синни бистсолагӣ аввалин бор ба кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Эрон, сафар кард ва ошиқи фарҳангу фалсафаи Шарқ гашт. Бо вуҷуди он ки хонавода ӯро дар факултети ҳуқуқи донишгоҳ ба таҳсил гузошт, вай худ ҳамзамон дар курсҳои омӯзиши забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркии факултети фалсафаи ин донишгоҳ таҳсил кард. Ишғоли Прага аз тарафи фашистони Олмон дар соли 1939 таҳсили ӯро дар Донишгоҳ то соли 1945 қатъ карда бошад, ишғоли Чехословакия аз тарафи шӯравиҳо дар соли 1968 муддате ӯро аз пажӯҳишҳои илмӣ ба дур афканд. Ин даврае буд, ки вай баъд аз мулоқот бо Бобоҷон Ғафуров, раиси Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии шӯравӣ ва сафар ба Тоҷикистон асосан машғули таҳқиқи осори адибони тоҷик машғул буд. Вай гуфт буд: "Барои мо бадбахтӣ буд, ки нирӯҳои шӯравӣ кишвари моро ишғол карданд ва ман дар шӯравӣ дӯстони зиёде доштам, бахусус дар Тоҷикистон, ки Тоҷикистони азизи ман буд."Ишқи Тоҷикистонро дар дили Бечка Бобоҷон Ғафуров ангехтааст. Баъд аз аввалин мулоқоти онҳо, дар соли 1958 ҳукумати Тоҷикистон Бечкаро ба кишвар даъват кард. Баъд куллан Бечка панҷ мартабаи дигар ба Тоҷикистон сафар карда, бо бисёре аз аҳли фарҳанги Тоҷикистон дӯстӣ ва мукотиба дошт.
Устод Бечка дар як мусоҳибааш дар соли 1995 бо муроҷиат ба шунавандагони радиои Озодӣ чунин гуфта буд, мехоҳад ҳарчи зудтар дар Тоҷикистон сулҳ шавад ва ҳукумати Тоҷикистон сафоратхонаи худро дар Прага боз кунад. Дар ҳамон сӯҳбат устод Бечка нишон медод, ки аз ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон рӯҳан бисёр азият мекашад ва аз ҳар кас ки ба хонааш меомад, пеш аз ҳама аҳволи мардуми тоҷикро мепурсид. Манзили ӯ худ як порчаи Тоҷикистон ва хонаи умеди тоҷикон дар Прага буд. Вай ба фарзандони муҳоҷири тоҷик аксу китоби ниёкони бузурги онҳоро нишон медод. Ин фарзандон ӯро "Бобо" меномиданд.
Соли 2002-юм устод Бечка барои охирин бор ба Тоҷикистон сафар карда, дар ҷашни истиқлолият ва муаррифии китоби "Тоҷикон дар қарни бистум" ба дидори мардуми дӯстдоштаи худ расид. Дӯсти Бечка, ховаршиноси олмонӣ аз Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин, Манфред Лорентс, имрӯз аз он сафар ёд кард: "Ман дидам, ки чӣ тавр мардуми тоҷик ӯро дӯст медорад ва эҳтиром мекунад. Дар Кохи Борбад президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз наздики мо рад шуд ва ногоҳ ақиб омада, Бечкаро ба оғӯш кашид. Дӯстони тоҷик медонистанд, ки Бечка чӣ қадар барояшон инсони азиз ва муҳим аст." Зимнан, президенти Тоҷикистон ҳангоми сафараш ба Прага, дар соли 2000 бо Иржи Бечка аввал дар идораи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ва сипас дар хонаи худи Бечка соатҳо бо ӯ ҳамсӯҳбат шуда буд ва барои хидматҳояш аз Бечка сипосгузорӣ мекард. Фаромӯшам намешавад, ҳангоми сафар ба Тоҷикистон, дар фурудгоҳи Истамбул гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик аз Лондон бармегашт ва вақте онҳо ва омӯзгорашон шуниданд, ки ҳамроҳи Иржи Бечка парвоз мекунанд, моро дар саҳни фурудгоҳ давра гирифтанд ва бо шавқ аз Тоҷикистон ҳикоят карданд.
Дар вопасин лаҳзаҳои зиндагияш, дар бемористони Влашскаи Прага, духтаронаш Лайло, Ойиша ва Зиннат болои сараш буданд ва Оиша аз қиссаҳои ин сафари ӯ ба Тоҷикистон ёдовар мешуд. Бечка ҳарф зада наметавонист ва шояд намешунид, аммо табассум мекард. Вай медонист ва мегуфт, ки бо фавташ дӯстони зиёдашро ранҷур хоҳад кард, аммо мегуфт, аз зиндагӣ розӣ меравад ва дӯстонаш осуда бошанд. Кош, дар Тоҷикистон ба хотираи устод Бечка кӯча ва ё хиёбоне, донишкада ва ё китобхонаеро ба номи ӯ гузоранд ва ҳукумати Тоҷикистон хостори ба даст овардани бойгонии Бечка шавад, ки барои тоҷикон як сарвати бебаҳост ва чехҳо омодаанд, нимпайкараи Бечкаро ба Тоҷикистон ҳадия кунанд. Кош...
XS
SM
MD
LG