Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон тӯъмаи осони Ҳизб-Ут-Таҳрир


Ин андешаи мардест, ки худро узви Ҳизби Таҳрир мегӯяд ва он аз бойгонии Радиои Озодӣ гирифта шудааст. Ҳафтае қабл, ду донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд рӯйхати боздоштшудагон бо иттиҳоми фаъолият дар Ҳизби таҳрирро дарозтар намуданд. Ба гуфтаи мақомот, ин ду донишҷӯи хуҷандӣ ҳангоми интишори варақаҳои таблиғотии ин ҳизби мамнӯъ эълоншуда дар Хуҷанд боздошт гардиданд. Се моҳи пеш, додгоҳи шаҳри Кӯлоб як гурӯҳи бисту як нафараи ба қавли мақомот "фаъолони Ҳизб- Ут-Таҳрир"-ро ба солҳои тӯлонӣ ба зиндон ҳукм кард.
Тоҷиддин Тӯраев - додситони додгоҳи вилояти Суғд дар як сӯҳбати ахири худ бо нашрияи «Вароруд» гуфтааст, дар чаҳор соли ахир дар ин вилоят ҳудуди дусад нафар бо айбдории узвият ва фаъолият дар Ҳизби таҳрир ба маҳкама кашида шудаанд.

Мақомот аз фаъол гаштани гурӯҳҳое, ки ифротӣ хонда мешаванд, изҳори нигаронии шадид мекунанд. Як марди таҳрирӣ мегӯяд, сафи ҳамақоиди ӯ дар афзоиш аст:
«Рӯз ба рӯз сафи аъзои ҳизб новобаста ба он ки ба онҳо таҳдид аст, шиканҷа аст, зарбу лат аст,оро ҳам шиканҷа мекунанд, лекин дар ин роҳ ҳар як зарбу лате, ки фарзанди мусалмон мехӯрад, албатта аҷре дар назди Худованд дорад, ки он ваъдаи Худову расули ӯ аст.»

Коршиносон иллатҳои аслии афзоиши теъдоди пайравони гурӯҳҳои ифротиро дар огаҳии ками ҷавонон аз таълимоти исломӣ ва мушкилоти иҷтимоии ҷомеа медонанд. Мушкили таъйини ҳуввият, мушкили пайдо кардани мавқеъи муносиб дар ҷомеа, мушкили ба амал баровардани орзуву омоли худ. Ва ҳар гурӯҳе, ки барои ин ҷавонон ҷавоби осон ва содда медиҳад, онҳоро фирефта ва шефтаи худ мегардонад, мегӯяд Қамариддин Афзалӣ - раиси шӯъбаи кор бо ҷавонони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон:
«Ҷавонони мо холӣ ҳастанд, як чизи холиро агар ҳар чӣ мо дар дарунаш рехтан бигирем, он қабул мекунад. Ҷавонони мо, ки ба дини Ислом эътиқоди аҷдодӣ доранд, ва ҳар як нафаре, ки аз номи Ислом сӯҳбат мекунад, Қуръон бигӯяд, ҳадис бигӯяд, гӯяд, Қуръон ҳамин хел гуфтааст, ҳадис ҳамин хел гуфтааст, ҷавонон қабул мекунанд.»

Дар аввали сол, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода - раиси собиқи идораи қозиёти Тоҷикистон бо нашри як матлабе дар як нашрияи маҳаллӣ Ҳизб-Ут-Таҳрирро ба талош дар ташаннуҷи вазъ дар минтақа айбдор сохта, ҷавононро аз ин хатар эҳзор дода буд. Ин барои нахустин бор буд, ки як донишманди улуми дин тариқи расонаи хабарӣ зидди Ҳизби таҳрир садо баланд карда буд. Уламои исломи мӯътадил, таълимоти шаръиву сиёсии ҳизби таҳрирро хато номида мегӯянд, ин ҳизб ва аҳзоби ба ном исломии ифротии дигар зери ниқоби Ислом барои расидан ба аҳдофи сиёсии худ кор мебаранд. Таълимоти ин гурӯҳҳо бо шарҳи таҳрифёфтаи ояҳои Қуръониву аҳодиси набавӣ асос ёфтааст. Таъсиси хилофати исломӣ аз аҳдофи аввалияи Ҳизби таҳрир будааст. Мақомот мегӯянд, таъсиси хилофат дар ҳудуди якчанд кишварҳои мустақил маънои барҳам задани низоми сиёсии ин кишварҳо ва хатар ба истиқлоли ин давлатҳои миллиро дорад. Хавф аз имкони ба аъмоли террористӣ ба ин мақсад расидани ин ҳизб будааст. Аммо як марде, ки худро пайрави таълимоти ҳизби таҳрир медонад, мегӯяд, ҳизб таблиғи таълимоти худро танҳо бо роҳи даъват ба роҳ мондааст:
«Шумо мисол пурсед агар, мисол ин аст, ки митингбозӣ намекунем, аслиҳа намегирем, бо роҳи моддӣ, яъне бо роҳи ҷанг, митингбозӣ, террористӣ бо ин корҳо машғул намешавад ҳизб.»

Фахриддини Холбек - хабарнигори тоҷик бар ин назар аст, ки фаъолияти ин гуна гурӯҳҳо боиси бесарусомониҳои сиёсӣ дар минтақа мегардад. Хатари ин гурӯҳҳоро оқои Холбек бо Толибон баробар медонад: «Тавре мо медонем, вақте Толибон ба сари қудрат омаданд, ин қувваҳо барои ҷамъият, на танҳо ҷомеаи Афқонистон ва ё минтақа ва ё як қитъа, балки барои тамоми ҷаҳон як хатар эҷод карданд.»
Гуфта мешавад, имрӯз дар маҳбасҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон садҳо тан бо иттиҳоми фаъолият ва узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG