Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марди сол - генерал Нуралишоҳ Назаров


"Ҳар як меҳмон ва ё намояндаи хориҷие, ки меояд, дар ҳамон дидбонгоҳҳо байрақи Русияро мебинад. Бояд дар он ҷо байрақи Тоҷикистон ҷилвагар бошад."
Нуралишоҳ Назаров генерали тоҷик ва фармондеҳи ситоди кулли нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон буд, расо дар як соли пеш, дар остонаи соли нави мелодӣ.
Генерал Назаров аз замони ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов як чеҳраи муҳим дар ниҳодҳои интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон буд. Аммо вақте ба унвони як шахсияти умдатан сиёсӣ низ матраҳ шуд, ки пешниҳоди таҷдиди назар дар шароити созишномаи миёни Тоҷикистон ва Русия дар мавриди ҳимояти марзҳои ин кишвар аз ҷониби марзбонони Русияро ироа кард ва дар ҷиҳати ҳалли он пойфишорӣ намуд. Истидлоли генерал Назаров ин буд, ки асли нӯҳуми созишномаи миёни ду кишвар ба Тоҷикистон ин ҳаққро медиҳад, ки бо муҷарради тавонманд шудани нирӯҳои марзбониаш ҳимояти марзҳои худро ба ихтиёр бигирад.

Нуралишоҳ Назаров дар он замон мегуфт: "Мувофиқи созишнома, масалан дар моддаи ҳаштум ҳамин хел менависад, ки вақте сарҳадбонони тоҷик ба як мавқеъи муайян омада, яъне ки ташаккул ёфтанд, вайҳо метавонанд, ки сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро бар ӯҳдаи худ бигиранд. Ва ҳозир мо дар ҳақиқат, мана ман ҳамчун сардори сарситоди қушӯнҳои сарҳадӣ ҳамин хел баҳо медиҳам, ки қушӯнҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир тайёр ҳастанд барои бар ӯҳдаи худ гирифтани як қисми сарҳад."
Он гоҳ буд, ки бо пахши ин изҳорот номи генерал Назаров дар сархати ахбори расонаҳо ва ҳамзамон таҳти фишори омилҳои нуфузӣ ва аз сӯи дигар, матбуоти Русия қарор гирифт. Ҳатто вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Талбак Назаров изҳороти генерал Нуралишоҳ Назаровро як гуна изҳори назари шахсӣ ва мавқеъи хусусии генерал дар мавриди бознигарии шароити созишномаи марзии миёни Русия ва Тоҷикистон унвон кард.
Барои Назаров истодагарӣ дар мавқеъ ва собит кардани ҳақиқат барои мақомоте, ки аз як ҷониб ба усули суннатӣ бидуни Русия зистанро тасаввурнопазир медонанд ва аз ҷониби дигар, таҳти вобастагии шадид аз он кишвар қарор доранд, кори (агар нагӯем ғайримумкин) бисёр сангине буд.
Ин буд, ки мегӯяд акнун генерал Назаров, ӯ талош кард бо лаҳни мухолифонаш сӯҳбат кунад. Ва бо забони барои онҳо ошно: "Нуқтаҳои гузаргоҳро барои чӣ мо бояд бигирем? Барои он ки дар ҳар нуқтаи ин гузаргоҳҳо байрақи Русия монда шудааст ва кадом шаҳрванде, ки аз хориҷ ё ҷойи дигар меояд, фикр мекунад, ки боз ба Русия дохил шуда истодааст. Азбаски Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол аст, бояд дар он ҷойҳо байрақи Тоҷикистон бошад. Ба ҳамин мақсад, мо дар соли 2004 бояд ҳаракат кунем, ки ҳамин 4 гузаргоҳро дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон ба ӯҳдаи худ бигирем."

Назаров Нуралишоҳ - муовини раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ва фармондеҳи ситоди кулли нируҳои марзбонӣ, генерал - майор. Дар мактаби махсуси хадамоти интизомии шуравӣ ва дар академияи низомӣ таҳсил карда ва сардори саридораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати умури дохила ва як замон муовини котиби Шӯрои Амнияти Тоҷикистон буд. Аз моҳи январи соли 2002 ба ҳайси фармондеҳи ситоди нирӯҳои марзбонӣ таъйин шуда ва ислоҳот ва ташаккули нирӯи марзбонӣ ба фаъолияти ӯ муртабит аст.
Тибқи ваъдае, ки генерал Назаров супурда буд, то поёни соли 2004 чандсад километри марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба ихтиёри нирӯҳои марзбонии Тољикистон вогузор шуд. Ва худи Назаров назорати посгоҳҳо ва навори марзиро таҳвил мегирад.
Баҳсеро, ки генерал Назаров оғоз карда буд, бештар аз як сол аз доғтарин мавзӯъҳои матбуоти Русия ва Тоҷикистон буд, то саранҷом дар 16 октябри соли 2004 руъасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Русия Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонов ба созишномаи мақоми ҳуқуқии шароити ҳузури нирӯҳои марзбони Русия имзо гузоштанд. Русия бар асоси ин созишнома тан дар медиҳад, ки нирӯҳои худро аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба тадриҷ то соли 2006 ихроҷ кунад.

Аммо саҳнае, ки тасаввур мешуд, як корзори бекарон баҳсу талоши аз як сӯ матбуоти Русия, нирӯҳои русгаро ва муҳофизакор дар дохили Тоҷикистон ва аз ҷониби дигар танҳо садои генерал Назаров буд, ки шунида мешуд. Ӯ ҳамчунон мегуфт, ба дуҳокимиятӣ дар марз бояд ки хотима дода шавад. Ва бо дар ихтиёр гирифтани назорати қисмати марз дар вилояти Бадахшон бо Афғонистон ба ин дуҳокимиятӣ тақрибан хотима дод.
Ва акнун баъди як сол, боз ҳам пойи сӯҳбати генерал Назаров нишастаам. Акнун, замоне ки ӯ дар ин баҳсу талош муваффақ ба дар омада. Вале боз ҳам дар рӯзе, ки расонаҳои Русия ба ӯ ҳамлавар шудаанд. Ба даъвои онҳо, қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон бо ин ки назорати марз ба ихтиёри нирӯҳои тоҷик гузашт, афзоиш хоҳад ёфт. Аммо Нуралишоҳ Назаров мегӯяд: "Дурӯғ аст ин ҳама. Вазъ чӣ гуна мешавад, пешакӣ гуфтан муҳол аст, вале ба фикри ман, марзбонони тоҷик, ки вазъро дар хатти сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон хубтар медонанд ва ман боварии пурра дорам, ки ягон гуна сарҳадшиканӣ аз тарафи Афғонистон ҳам намешавад. Агар шавад ҳам, ба мақсади қочоқи маводи мухаддир, албатта, мо онҳоро дастгир мекунем."
Ба гуфтаи генерал Назаров, робитаи комил бо марзбонони русӣ дар амри ҳимояти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар қисмати Бадахшон қатъ нашуда ва дар ҳар дастаи марзбонӣ се нафар мушовирон аз ҷумлаи афсарони рус ҳузур хоҳанд дошт.

Аз Нуралишоҳ Назаров дар мавриди зиндагии шахсияш суол мекунам. Ӯ мегӯяд ба зиндагии хусусӣ дар ин сол камтар расидааст. Сӯҳбати мо дар остонаи соли нави масеҳӣ сурат мегирад ва ӯ аз беҳтарин тӯҳфае, ки имсол дарёфт кардааст, мегӯяд: "Соли 2004 барои сарҳадбонони тоҷик, ман фикр мекунам, ки дар ҳақиқат як соли таърихӣ аст. Чунки дар муддати зиёда аз 100 сол сарҳадбонони рус буданд, ки дар хидмати сарҳадҳои Осиёи Марказӣ қарор доштанд ва дар ин соли сипаришуда сарҳадбонони тоҷик якумин маротиба ин масъулияти калонтаринро бар дӯши худ гирифтанд. Ва албатта, ин барои сарҳадбонони тоҷик як соли фаромушнашаванда аст ва ҳамчун як соли таърихӣ боқӣ хоҳад монд."
Генерал Назаров мегӯяд, акнун замони имтиҳони ҷиддитаре пеш омада ва бояд собит кард, ки дар амал тавони ҳифозат ва ҳаросат аз марз ва парчами барафрохтаи кишварро дорем. Ва бо ирода ва қомати устувор ин мард ба истиқболи соли оянда меравад.

Вобаста

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG