Пайвандҳои дастрасӣ

Дастони пурҳунари маълулони тоҷик


"Омадем мо аз адам моён ғарибонро кӣ мепурсад?
Мо ғарибони зи қисмат бенасибонро кӣ мепурсад
Дардмандонему дармоне надорем во алам,
Ҳоли зору мустаманди бетабибонро кӣ мепурсад?"


Ин порчае аз ашъори як шоири ҷавон, вале маълули тоҷик Ҷамшеди Раҳимзод аст, ки қариб нисфи зиёди умри худро дар аробачаи маъюбӣ сипарӣ намудааст, ӯ пойи равон надорад, вале аз зиндагӣ ноумед нест. Ҷамшед мегӯяд, худованд бар ивази гирифтани як ҳис, ё як узви инсон ҳисси дигари ӯро тақвият мебахшад. Бартарии худро Ҷамшед дар эҷодкориаш мебинад, ӯ шеър менависад, барои сабук гардонидани дарди худ ва дарди ҳамтақдирони худ.
Ҷамшед мегӯяд, маҳз ҳамин иллат ӯро шоир кардааст: «Ин дард мана шоир кард ва то имрӯз ба ман муяссар гашт, ки 2 маҷмӯаи худро ба табъ расонам. Маҷмӯи аввалинам "Ҷоми ашки Ҷамшед" ном дорад, маҷмӯаи дуввумам "Ҷоми Сухан".»

Кам нестанд, чунин ҷавонони маълуле, ки бо ягон иллате аз дигарон фарқ кунанд ҳам, вале истеъдод доранд, ҳунаре доранд, ки онҳоро ба зиндагиӣ дилгарм ва миёни мардум шӯҳратёр месозад. Дар миёни наврасону ҷавонони маълул аксарият истеъдоде доранд, ки доштани он ҳунарро ҳар як нафари солиму беиллат орзу мекунад, аммо ин на ба ҳама даст медиҳад.
Фаршед Авлиёқуловаи 8-сола ҳам ба ин дунё бо чашмони нобино омадааст, аммо истеъдоди нодире дорад. Ӯ бо садои хеле форами худ ҳамаро мутаҳҳайир кардааст ва дар саҳнаи ҳунари тоҷик чун як овозхони хурдсол шӯҳрат дорад ва бо ситораҳои бузурги тоҷик ҳамкорӣ мекунад. Аммо ин шӯҳрат барои у басанда нест, ки мегӯяд: «Ман мусиқӣ навохтанро беҳад дӯст медорам, ман мехоҳам, ки ҳофизи номӣ шавам.Дар тамоми Тоҷикистон мара шиносанд, дар тамоми ҷаҳон.»

Ихтироъе, ки ба маълули дигар Зайнулло Муродови 34-сола даст додааст, ин сохтани асбобе ҳаст, ки барои маълулони аз по маҳрум ҷои 3 нафар шахси кӯмакрасонро гирифта метавонад. Зайнулло ин дастоварди худро "умед" ном гузоштааст ва аз мо хоҳиш намуд, ки ба шахсони ҳамтақдираш ин воситаи барои онҳо хеле хубро пешниҳод намоем. Зайнулло ин асбоби худро ёрдамчии беминнат ва камхарҷ меҳисобад: «Албатта вақте кас маҷбур мешавад, он идеяҳое, ки ба хотири шахс намеоянд, пайдо мешаванд. Ин асбоб аз ҳисоби партобҳои нолозим сохта шудаст, ки бисёр арзону мувофиқ аст ва ҳар як маъюб метавонад, ки инро барои худ бисозад. Тавассути ин шахс метавонад аз рӯи ҷогаҳ ба аробача савор шавад ва аз аробача ба рӯи ҷойгаҳ бихобад. Бисёр ёрдамчии беминат аст.»

Зайнулло мегӯяд, ӯ чандин барномаҳоро тарҳрезӣ намудааст, ки амалисозии онҳо кори маълулонро сабук мегардонад ва аз сӯи дигар таввасути онҳо чанд нафар афроди ба ӯ ҳамқисмат метавонанд, ба шуғле андармон гашта, соҳиби даромад ҳам шаванд, аммо ин проектҳои ӯ то кунун ҷомаи амал ба худ нагирифтаанд ва ба қавли худи Зайнулло зери болинаш ба шакли зард рангпарида хобанд. Аз Зайнулло дар арафаи соли нав орзуяшро пурсон шудем, ӯ гуфт ҳамеша дар дил як орзу дорад: «Албатта он шахсе, ки ташналаб аст, орзу мекунад, ки як қатра об нӯшад, он нафаре, ки имрӯз гушнагӣ мекашад, орзу мекунад, ки як бурда нон хӯрад. Ва ман ҳам, ки давоми 25 сол бо пойҳои худ роҳ мерафтам, медавидам, мепаридам, албатта орзу мекунам, ки як бори дигар ба пойи худ роҳ равам.»

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG