Пайвандҳои дастрасӣ

ҲДТ барои раҳоии раҳбари худ дари созмонҳои байналмилалиро мекӯбад


Музокироти миёни додситонии кулли Тоҷикистон ва Русия ҷиҳати истирдоди Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон бо гузашти беш аз ду ҳафта аз боздошти ӯ дар Маскав то кунун натиҷае ба бор наовардааст. Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти интизомии ҳарду кишвар дар ин робита гуфтушунидҳо пеш мебаранд, вале то ҳоли ҳозир ҷониби Русия ба номаи додситонӣ дар ин замина посух надодааст: «Мо мактуб прокуратураи генералии Федератсияи Русияро интизорем. Баъде ки мактуб ба мо омад, албатта дигар ҳуҷҷат равон мекунем, хоҳиш мекунем, талаб мекунем, ки ӯро ба мо диҳанд.»

Дар ҳамин ҳол масъулини Ҳизби демократи Тоҷикистон ҷиҳати раҳоии лидери худ Муҳаммадрузи Искандаров бо намояндагии созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва сафорати Русия дар ин кишвар гуфтушунидҳо анҷом додааст. Раҳматулло Валиев - муовини раиси ҲДТ гуфт, дар дидору гуфтугӯҳое, ки бо масъулини ин созмонҳо, аз ҷумла СММ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, бархе аз суфарои кишварҳои ғарбӣ ва ҳамчунин сафири Русия доштааст, қазияи боздошти раиси Ҳизби демократ дар Маскавро мавриди баррасӣ қарор дода ва аз онҳо дархости мусоидат бар раҳоии Искандаровро кардааст: «Дар ҳамаи вохӯриҳо сафирҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ибрози ақида карданд, ки Муҳаммадрузӣ Искандаров пеш аз анҷумани 8-уми ҲДТ ва дар арафи интихоботи Маҷлиси Олӣ дастгир шудаст ва ин характери сиёсӣ дорад. Дар сӯҳбат бо сафири Русия чунин иброз доштем, ки мо бояд, ки ҳамон изҳорот ба номи президент, Думаи Давлатӣ ва Прокуратураи генералии Русия ба воситаи почта бевосита фиристем ва яке аз нусхаҳоро ба сафир низ расонем.»

Раҳматулло Валиев бо истинод ба қавли мусоҳибонаш гуфт, ки роҳбарияти созмон ва кишварҳои мазкур аз боздошти лидери Ҳизби демократи Тоҷикистон огаҳ будаанд ва онҳо идомаи ҷараёнотро дар ин хусус назорат мебаранд. Ба эътиқоди оқои Валиев, боздошти раиси ҲДТ дар заминаи сиёсӣ сурат гирифта ва ҷониби Русия тибқи тааҳҳудоти байналмилалӣ набояд Искандаровро таслими мақомоти Тоҷикистон кунад.
Ин дар ҳолест, ки сиёсатмадорон ва коршиносони тоҷик рӯи масъалаи истирдоди Муҳаммадрузӣ Искандаров ва ё раҳоии ӯ назари мутафовит доранд. Султон Қувватов - раиси ҳизби сабтиномнашудаи Тараққиёти Тоҷикистон бо ишора ба таслими Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохила аз Русия ба Тоҷикистон ва мавҷудияти созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи ҳуқуқӣ эҳтимоли истирдоди Муҳаммадрузӣ Искандаровро таъйид мекунад.

Султон Қувватов бар ин бовар аст, дар сурати таслими Искандаров ба дасти мақомотти интизомии Тоҷикистон таъқиби афроди дигарандеш дар кишварро ҳукумат бештар мекунад: «Албата такрор мешавад. Касе, ки сиёсати ҳозираи давлата дастгирӣ намекунад, ҷонибдори ӯ намешавад, ҳатман сарнавишти Муҳаммадрузӣ Искандаровро гирифтор мешавад.»

Ба назари Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик дар риштаи ҳуқуқ Русия бар пояи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ, ки дорад набояд ба истирдоди раиси демократҳои Тоҷикистон ва таслими ӯ ба мақомоти интизомии кишваре, ки дар он аз усулҳои шиканҷа ва зӯр фаровон истифода мешавад, ризоият бидиҳад. Вай имкони муомила рӯи сарнавишти лидери Ҳизби демократ миёни ҳарду тарафро низ наметавон сарфи назар кард: «Инҷо манфиатҳои доираҳои муайян ва ё манфиатҳои байнидавлатии ду кишвар вуҷуд доранд. Рӯи хотири ҳамин додан ва ё надодани Муҳаммадрузӣ Искандаров ба Тоҷикистон ин метавонад як объекти додугирифт шавад. Зеро Искандаров ба сифати раҳбари ҳизби сиёсии мухолифин миёни мардуми Тоҷикистон эътибор пайдо кардааст.» Дар ҳамин ҳол Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли Тоҷикистон хабари эъзоми ҳайъати вижаи додситонӣ ҷиҳати таҳвил гирифтани Муҳаммадрузӣ Искандаров раиси ҲДТро аз мақомоти интизомии Русия такзиб кард. Вай гуфт, ин масъала баъди омӯзиши ҳамаҷонибаи асноди фиристодашуда ва ҳосил шудани тавофуқ миёни мақомоти интизомии ҳарду кишвар ҳал хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG