Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯрҳои хатарзо ва марговари вилояти Суғд


Хуҷанд-Чкаловск-Табошар Дар шаҳри Чкаловск, даҳкилометрии шарқи Хуҷанд, дар даҳ партовгоҳи радиатсионии ин корхона дар масоҳати беш аз 170 гектар тақрибан 50 миллион тонна пасмондаҳои моддаҳои радиоактив наздик ба ҷойҳои маскунии одамон ва захоири обӣ нуҳуфтааст, ки дар ҳолати вуқуъи офоти табиӣ, мисли заминларза ва боришоти шадид хатари шуста шудани онҳо ва олудашавӣ ба зистмуҳит ва рӯди Сир - бузургтарин захираи обии Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.

Корхонаи «Востокредмет» муддати 50 сол, аз соли 1945 то 1996 - и милодӣ ба истеҳсоли уран ихтисос дошт ва кормандони он мегӯянд, ки нахустин бомбаи атомии Иттиҳоди Шӯравӣ аз урани тавлидии ҳамин корхона сохта шудааст. Дар ҷои истеҳсоли уран барои аввалин бомбаи атомии шуравӣ дар шаҳраки Табошар, то кунун як кӯли мурдае дар чуқурии тахминан 500 метр ба вуҷуд омадааст. Сокинони маҳал онро «кӯли шайтонӣ» унвон кардаанд. Леонид Павлюк - сарвари шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти корхонаи «Востокредмет» мегӯяд, аз даҳ партовгоҳи радиатсионии мероси Иттиҳоди Шӯравӣ дар қисмати шимоли Тоҷикистон бархе дар замони худ гӯронида ва қисме низ сарбаста карда шудаанд, аммо иддае бештар то кунун дар ҳамон ҳоли аввалия боз ва ногӯронида боқӣ мондаанд.

Оқои Павлюк аз ҷумлаи чунин партовгоҳҳои кушодро дар маҳалҳои Деҳмой ва шаҳракҳои Табошару Адрасмон ба хусус хатарангез номид. Ба гуфтаи вай, дар партовгоҳи кушодаи Деҳмой, дар канори Хуҷанд ва қариби рӯди Сир дар масоҳати 190 гектар наздики 20 миллион тонна моддаҳои дорои радиатсия зери осмони кушод хобидааст. Даҳ сол қабл дар ҷои ҷамъшавии пасмондаҳои радиатсионӣ дар Деҳмой як кӯли ранга вуҷуд дошт, вале ҳамакнун он хушкида, бар асари боду борон хавфи бар паҳнои Хуҷанд ва рӯди Сир омехтани зарраҳои радиатсионӣ ба миён омадааст. Оқои Павлюк меафзояд, ки чунин ҳодисаҳои шусташавии партовгоҳҳои радиатсионӣ тайи солҳои ахир дар партовгоҳҳои Табошару Адрасмон чанд маротиба рух дода, сокинони он мавзеъҳоро бо хатар рӯ ба рӯ кардааст:
«Оре чунин ҳодисаҳо рух додаанд. Ду маротиба партовгоҳи коргоҳи рақами саввуми шаҳри Табошарро, ки дар канори рӯди маҳал ҷойгир аст ва боз ду бори дигар партовгоҳи воқеъ дар шаҳраки Адрасмонро борандагии шадид шуста буд. Маротибаи охирин баҳори ҳамин сол партовгоҳи Табошар зери об монда, аммо мо то кунун натавонистаем ба сабаби набуди маблағ ба миқдои 20 ҳазор сомонӣ онро безарар гардонем. »

Оқои Павлюк меафзояд, мизони нурафкании радиатсионӣ дар мавзеъҳои наздик ба партовгоҳҳои Суғд аз 300- 400 то ба 1500 микрорентген дар як соат баробар аст. Чунин болоравии мизони ташашшӯъ, ба гуфтаи табибони маҳаллӣ, боиси афзоиши теъдоди мубталоёни бемориҳои мухталиф ва ноқис ба дунё омадани кӯдакони навзод гаштааст. Янушой Маматқулова - муовини раиси шаҳри Табошар, ки муддати беш аз 10 сол вазифаи сардухтури беморхонаи ин маҳаллро бар дӯш доштааст, дар ин бора мегӯяд: «Дар давоми солҳои ахир густариши бемориҳои саратон ва хун дар шаҳри Табошар зиёд ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, кӯдакон аз батни модар ноқис ва ё пеш аз мӯҳлат таваллуд мешаванд. Ҳамасола дар Табошар 220 - 230 кӯдак ба дунё меояд, ки 3 - 4 нафари онҳо нуқсҳои модарзодӣ доранд.»

Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири безараргардонии партовгоҳҳои радиатсионӣ тайи солҳои ахир 60 ҳазор сомонӣ дар ихтиёри корхонаи «Востокредмет» гузоштааст. Вале аз нигоҳи мутахассисини корхона, танҳо барои барномарезии аввалияи безараргардонии партовгоҳҳо маблағи баробар ба 600 ҳазор доллар ва барои безараргардонии қабристонҳои радиатсионӣ маблағҳои хеле зиёд, баробар ба миллионҳо доллари амрикоӣ зарур аст. Ба назари Ҳотам Муртазоев - коршиноси Суғд дар умури моддаҳои радиоактив беназорат ва ба ҳоли худ мондани партовгоҳҳои радиатсионӣ дар қисмати шимолии Тоҷикистон ва пешгирӣ накардан аз воридшавии сокинони маҳаллӣ ба партовгоҳҳо на танҳо барои сокинони ин маҳал, балки барои тамоми минтақа хатари ҷиддӣ эҷод мекунад:
«Баъзеҳо фикр мекунанд, ки дар партовгоҳҳо фулузи ранга ва қубурҳои зангназананда ҳаст, он ҷоро мекобанд ва фулузоти рангаро аз партовгоҳ берун карда мефурӯшанд. Онро аввал ба қирғизҳо мефурӯшанд, онҳо ба хитоиҳо. Хитоиҳо бошанд, дар навбати худ аз он асбоби рӯзгор сохта , барои фурӯш боз ба мо мефиристанд. Ҳамин хел моддаҳои дорои радиатсия ба як гардиши сарбаста дохил мешаванд ва аз ин тамоми мардуми минтақа зарар мебинад.»

Дар ин робита Камолиддин Наҷмиддинов - намояндаи ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Суғд дар шаҳраки Табошар меафзояд, ки аз ҳама бештар саломатии сокинони маҳалҳои атрофи партовгоҳҳо хисорот мебинад: «Партовгоҳи Табошарро об шуста, моддаҳои радиоактивии онро ба сатҳи пасттар бурдааст ва ин барои аҳолии маҳал зарар дорад. Чунки дар он ҷо мардум боғу полез доранд ва гову моли худро дар он ҷо ба чаро сар медиҳанд».
Фаъолияти силсилаи корхонаҳои «Востокредмет» дар қисмати шимолии Тоҷикистон, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ барои ба даст овардани маводи стратегии уран аз сӯи Маскав барномарезӣ ва идора мешуд, дар заминаи истеҳсоли уран аз 9 сол қабл ба ин ҷониб ба иллати дастрас накардани маъдани дорои уран аз кишварҳои Қазоқистон ва Узбакистон қатъ шудааст, аммо қабристонҳои радиатсионии ин корхона ба гузашти солҳо, бино ба гуфтаи мутахассисин, ба сабаби фарсудагӣ фаъолтар ва хатарангезтар мегарданд.
XS
SM
MD
LG