Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши ҷавонони тоҷик барои вуруд ба парлумони нав


Журналист Раҷаби Мирзо ва ҳуқуқшинос Низомиддин Бегматов ҷавонтарин исмҳо дар рӯйхатҳои номзадони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон барои интихоботи порлумонии 27 феврал аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мебошанд. Ҳарду 31-солӣ доранд ва ҳардуро Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон дар феҳрасти худ шомил кардааст. Раҷаби Мирзоро зери рақами нӯҳум ва Низомиддин Бегматовро зери рақами 14. Шокирҷон Ҳакимов - муовини раиси сотсиал- демократҳо гуфт, дар рӯйхати мураттаб дар анҷумани ҳизби онҳо ҳамчунин тибқи мувофақа бо Ҳизби сабтиномнашудаи Тараққиёт исми ҷонибдори ин ҳизб, соҳибкор Далер Қодирови 32-сола низ дохил шудааст: «Эҳтимолияти гузаштани онҳо аз он фисаде, ки мо дар интихобот овоз мегирем, вобаста аст. Шояд баъзеи инҳо тавассути ҳавзаҳои якмандатӣ аз маҳалҳо низ номзадии худро пеш баранд.»
Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ва ҳизби Демократи Тоҷикистон танҳо якнафарӣ ҷавони то сивупанҷсоларо дар феҳрасти худ шомил кардаанд. Муҳаммадзоҳир Ҳабибов як масъули ҳизби халқӣ - демократӣ чеҳраи ҷавони рӯйхати ҳизби ҳокимро чунин муаррифӣ мекунад: «Хидирова Мағфират Умаровна. Муаллимаи калони кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии Донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон.»
Бону Мағфират Хидирова 33 сол дошта дар ҷои ҳаштуми рӯйхати ҳизби ҳоким қарор дорад. Гуфтанист, дар феҳрасти номзадони ҳизби халқӣ-демократӣ зери рақами 22 номи Раҳматулло Асадуллоев, раиси кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати Тоҷикистон низ омадааст.
Исми ҷавони омада дар рӯйхати номзадҳо аз демократҳоро Раҳматулло Валиев - ноиби раиси ҳизби демократ муаррифӣ мекунад: «Саидраҳмон Назриев, шаҳри Қӯрғонтеппа, раиси бахши вилоятии ҳизб дар Хатлон. Ӯ 34 сол дорад.»
Ва аммо теъдоди бештарини номзадони то сивупанҷсоларо анҷумани Ҳизби Наҳзати Ислом қабул кардааст. Ҳикматулло Сайфуллозода - раиси дастгоҳи иҷроияи ҳизби наҳзат онҳоро чаҳор нафар мегӯяд: «Бону Хоҷаева Зарафо, муҳаррири маҷаллаи «Найсон» дар рӯйхат меравад зери рақами даҳ, Муслима Иброҳимшоева, масъули бонувон дар вилояти Кӯҳистони Бадахшон рақами сенздаҳ, Абдуворис Абдуҷабборов, раиси ҳизб дар шаҳри Истаравшан - рақами чаҳордаҳ ва Абдулбузург Асозода, масъули бахши ҳуқуқии ҳизб - бистум.»
Камсолтарин исм дар рӯйхати коммунистҳо, бино бар иттилоъи Субҳон Сафиаллоев, котиби кумитаи душанбегии ҳизб, ин ҳамтои истаравшании ӯ Барно Ашрафова мебошад, ки 46 сол доштааст: «Номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Барно Ашрафова дар рӯйхат дар мақоми ҳафтум қарор дорад ва мо боварӣ дорем, ки вай ҳатман вакили Маҷлиси Намояндагон мешавад.»
Як ҳизби дигари расмӣ боқӣ монд. Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон. Қазияи сотсиалистҳо то ба охир ҳал нашудааст. Комиссияи марказии интихобот тасмим гирифтааст, то феҳрасти номзадон аз ҳизби сотсиалистро зери имзои Абдуҳалим Ғаффоров қабул намояд. Ин дар ҳолест, ки Волдемар Рокошевски, мушовири сиёсии дафтари мусоидат бар сулҳи Созмони Милал дар Тоҷикистон дар як сӯҳбати ахири худ ба Радиои Озодӣ гуфт, айни ҳол вазорати адлияи Тоҷикистон ба дархости ин созмон дар бораи машрӯъияти кадом як ҷиноҳи ин ҳизб посух надодааст ва аз ин рӯ, онҳо ҳамкориро бо Мирҳусайн Назриев идома дода истодаанд.
Ва аммо ин номзадони ҷавон ба вакилӣ то чӣ андоза шонси пирӯзӣ дар интихоботро доранд?
Раҷаби Мирзо, сардабири нашрияи мустақили ҷамъиятиву сиёсии «Рӯзи Нав», ки аз ҷониби ҳизби сотсиал- демократ номзад пешниҳод шудааст: «То ин замон интихобот бо шиори «муҳим нест чӣ гуна овоз медиҳанд, муҳим он аст, ки ин овозҳоро чӣ гуна ҳисоб мекунанд» сурат мегирифт. Агар ин интихобот низ аз рӯи ҳамин шиор баргузор шавад, ман боварӣ надорам. Вале ба ман як чиз қувват мебахшад, ин ҳамон эътилоф барои интихоботи шаффоф ва демократӣ аст.»
Раҷаби Мирзо ният дорад, аз ҳавзаи якмандатӣ низ номзадии худро дар интихобот бигзорад.
Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии вижаи ҷавонон мавсум ба «Зиндагӣ», шонси номзадони ҷавонро мухтасаран чунин таҳлил мекунад: «Ин нафарҳо дар ҷойҳои аввал нестанд. Бисёр имконияти ками ворид шудан ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд. Аммо аслан дар рӯйхат пайдо шудани ин ҷавонон шояд алҳол боиси хурсандӣ бошад.»
Як иллати шумори ками ҷавонон дар феҳрасти исмҳои номзадон ба порлумонро коршиносон дар маблағи ҳангуфти гаравпулӣ дидаанд. Яъне, аҳзоб аъзои ҷавони шоистаи курсии порлумонро доранд, вале он ҷавонон имкони пардохти гаравпулиро - на.
Бино ба маълумоти Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумон, аз 63 вакили ҳайъати кунунии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон танҳо ду нафар ҷавонанд. Вакилони мардумӣ дар порлумони соли 2000 - 2005 Тоҷиниссо Маҳмадова ва Мирзодавлат Одинаев ҳини интихоботи порлумонии соли 2000 32-солӣ доштанд.
XS
SM
MD
LG