Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯдакони оворагард дар сафорати Британия


- "Ман модар дорам, аммо падар надорам, дар кӯча салафан мефурӯшам, як-ду сӯм меёбам хурданӣ мехарам."
- "Ман дар кӯча пул мепурсам, ягон кас медиҳад, баъзеҳо маро мезананд." - ин гуфтаҳои кӯдакони хиёбонӣ аст, ки сафорати Британия дар Душанбе онҳоро дар остонаи соли нави масеҳӣ ба меҳмонӣ пазируфтааст.
Ба гуфтаи сафири Британия дар Тоҷикистон Грем Лотен, сафорат дар ҳамкорӣ бо созмони ғайридавлатии "Наҷоти кӯдакони Британия" ба хотири то андозае рангин сохтани зиндагии якрангу сангини кӯдакони бесарпаноҳи тоҷик чунин иқдомро анҷом додаанд: "Мо хостем, дар остонаи соли нав ёде аз кӯдакони хиёбонӣ кунем. Ҳудудан 30 нафар кӯдакони хиёбонӣ, ки аксарияташон дар марказҳои мухталифи кудакони камбизоат парасторӣ мешаванд, меҳмони сафорат мебошанд."
Оқои Лотен афзуд, вақте ин кӯдакон пурсида шудаанд, ки чӣ тӯҳфаеро дар соли нав орзуи гирифтан доранд, аксарияташон посух додаанд, мехоҳанд ҷойхоби саҳроӣ дошта бошанд, то шабҳо аз сардии зимистон дар зери таҳхонаҳо ва даромадгоҳҳои биноҳо азоб накашанд.
Дар марказҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии хайриявӣ беш аз 400 кудаки хиёбонӣ ба қайд гирифта шудаанд, вале коршиносон мегӯянд, баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ва поён рафтани сатҳи иқтисоди Тоҷикистон шумораи онҳо афзуда, ба 5000 нафар расидааст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG