Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони тоҷикӣ ва миллати тоҷик


Бо гузашти наздики 15 сол аз қабули Қонуни забони давлатӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ баҳсҳо дар атрофи ин масъала ва ҳамчунин иҷрои ин қонун ва рушди забон ҳамчунон идома дорад, ё метавон гуфт, ахиран шиддат ёфтааст. Ду тарзи тафаккур ҳамчунон дар сари масъалаи забон ба баҳсу талош идома медиҳад. Яке ҷонибдорони соддашавии забон ва гурӯҳи дигар ҷонибдорони мудернсозии забон, руҷӯъ ба сарчашмаҳо ва таҳаввулпазирӣ ва ҳамгунзосии меъёрҳо ба меъёрҳои умумифорсӣ. Сайфиддин Назарзода - раиси Кумитаи истилоҳоти Тоҷикистон раванди кунунии рушди забони тоҷикӣ, аз ҷумла забони гуфтор ва сабки расонаҳо бо вуҷуди иштибоҳот ва носуфтагиҳоеро, ки ҷой дорад, як раванди мусбат ва рӯ ба инкишоф медонад.

Ба андешаи ӯ таҳаввулпазирӣ ва наздик шудани забон ба меъёрҳои умумии забони форсӣ як амри баргаштнопазир аст: "Забони тоҷикии имрӯз он забони тоҷикие, ки масалан дар охири солҳои 80- уми қарни 20 ва ибтидои солҳои 90-ум буд, он забон нест. Ин забон имрӯз ба дараҷае инкишоф ёфтааст, ки бисёр масъалаҳое, ки дар Қонуни забон он вақт матраҳ гардида буданд, бисёри ин масъалаҳо ба таври автоматӣ агар гӯем, роҳи ҳаллро ёфтанд. Албатта камбудиҳо дар ин масъала зиёд аст, масалан, ноҳамгунӣ дар истилоҳот, истифодаи як калима ба маъноҳои гуногун. Вале бой шудани забони тоҷикӣ аз ҳисоби калимаҳои форсии Эрон ворид шуданд, дарии Афғонистон ворид шудаанд."

Аммо дар ҳамин ҳол Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, адиб ва сармуҳаррири собиқи рӯзномаи «Ҷумҳурият» мегӯяд, забони тоҷикии матбуот тайи чанд соли охир бисёр таҳаввул карда ва хусусан истифодаи вожаҳои арабӣ фаҳмидани онро барои бархе қишрҳо мушкил кардааст. Ба андешаи ӯ, забони матбуот ва бархе аз ҷавонони эҷодкор шадидан аз форсии дарӣ, ё форсии Эрон таъсир пазируфтааст:
"Забони матбуотро бояд касе, ки мехонад, фаҳмад. Масалан "Чархи Гардун", забони ин нашрия ҳамин хел аст, ки ҳар кас хонад мефаҳмад, барои ҳамин хонандааш бисёр аст. Забони рӯзномаи "Нерӯи Сухан" баъзан мушкилфаҳм аст, ба ин забон бештар аҳли зиёии мо такя мекунанд, аммо агар ба деҳа равед, "Нерӯи Сухан"-ро камтар мехонанд, зеро ки намефаҳманд. Барои ҳамин забони матбуот бояд оммафаҳм бошад."

Аммо аз нигоҳи дигар Қонуни забони Тоҷикистон ба андешаи соҳибназарон бисёр ба кундӣ амалӣ мешавад. Қонуни забон коргузорӣ ва таҳияи аснод ва номгузориро дар тамоми соҳаҳо танҳо бо забони давлатӣ тақозо дорад. Аммо ин амрест, ки бо гузашти 15 сол ҳамчунон амалӣ нашудааст. Чӣ дар муассисоти давлатӣ ва чӣ дар аксари корхонаҳои хусусӣ. Раиси Кумитаи истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, додситонӣ муваззаф аст, ки иҷрои қонуни мазкурро назорат кунад, ки чунин кореро то ҳол анҷом надодааст: "Қонуни забон қонуни давлатӣ аст. Менависанд дар рӯзномаҳо, ки масалан ин камбудӣ аст, вале ягон тадбири амалӣ на аз тарафи ҳукумат ва на аз тарафи органҳои марбут (дида намешавад). Қонуни забон қабул шудааст ва назорати риояи масъулияти прокуратура аст. Ва прокуратура бо ниҳодҳои он дар маҳалҳо бояд ба ин масъала ҷиддӣ аҳамият диҳанд."

Кумитаи истилоҳот ба гуфтаи раиси он пешниҳодоти зиёдеро дар ҷиҳати нашри дастур ва таҳияи асноди ҳамгунсозии вожаҳо, номгузорӣ ва коркарди барномаи сиёсати давлатии забонӣ ба ҳукумат ироа карда аст, ки то кунун посухе дар ин замина дарёфт накардааст. Аммо ахиран ба маълумоти сарчашмаҳо як комиссияи вижа ба манзури ислоҳи Қонуни забон таъсис шуда, ки қарор аст пешниҳодоти худро ба ҳукумат ва маҷлис ироа кунад. Сайфиддин Назарзода: "Ин қонун дар вақте қабул шуд, ки Тоҷикистон дар ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва масъалаҳое, ки он вақт матраҳ буданд, имрӯз вуҷуд надоранд. Масалан моддаи дуюми ҳамин қонун, ки забони муоширати байни мардум эълон кардани забони русӣ. Имрӯз ба ин модда аллакай эҳтиёҷ намондааст, чунки имрӯз бояд забони давлатӣ забони тоҷикӣ бояд забони муоширати байни мардуми Тоҷикистон бошад."

Аммо ҷанбаи дигари баҳс дар атрофи номи забон аст. Бархе аз соҳибназарон бо навиштани мақолаҳо акнун пешниҳод доранд, ки номи забон бояд форсӣ бошад. Дар ҳоле, ки бархе ҳам мухолифи ин ақидаанд ва мегӯянд, тоҷикӣ як забони мустақил аст. Аммо замоне масъалаи хат низ аз масоили баҳсофарин буд ва он замон танҳо масъала сари боқӣ мондани хати кириллӣ, ё гузаштан ба алифбои форсӣ буд. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ ва аз фаъолият мондани аксари расонаҳо ва ниҳодҳои илмӣ ва маҳдудияти озодии баён ин баҳсҳо фурӯкаш шуд, ки акнун дубора ба тадриҷ ҳассосият пайдо мекунад.
Аммо акнун бархе аз донишмандон масъалаи гузаштан ба алифбои лотинро низ матраҳ кардаанд. Аз ҷумла ин масъала дар як нишасти устодони донишгоҳи миллӣ баҳс шудааст. Вале то кунун хусусияти умумӣ касб накардааст. Вале адиби тоҷик Шоҳмузаффар Ёдгорӣ мегӯяд: "Ба ҳарфи лотинӣ гузаштан ба фикри ман тамоман ғалат аст. Мо барои чӣ ба ҳарфи лотинӣ мегузарем, магар мо ҳарф надорем. Агар ба лотинӣ гузаштанӣ бошем, мо пеш аз ҳуруфи арабӣ ҳуруф доштем, пас ба ҳуруфи давраи Ҳахоманишиҳо ва қадим ҳуруфи мехӣ гузарем."

Ҳамчунин дар Тоҷикистон бо ин ки тайи чанд соли ахир забони русӣ ба тадриҷ то ҳадде мавқеъи худро аз даст медиҳад, забони инглисӣ ҷойгузини он мешавад. Садҳо курси махсуси омӯзиши инглисӣ таъсис шуда ва дар барномаи таълими макотибӣ таълимоти умумӣ ва донишгоҳҳо омӯзиши инглисӣ ҷорист. Таълим ва омўзиши инглисӣ ва русӣ тибқи як амри раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар дар кишвар тақвият шудааст. Аммо ба гуфтаи раиси Кумитаи истилоҳот тибқи дастури ҳукумати Тоҷикистон аз якуми январи соли оянда, яъне то ду ҳафтаи дигар қарор аст, коргузорӣ дар куллияи муассисот ва ниҳодҳо ва ҳар идорае, ки дар қаламрави Тоҷикистон амал мекунад, бо рияоти Қонуни забон сурат бигирад. Аз ҷумла ин санад тақозо мекунад, ки ҳар нома ва пешниҳоде, ки бо забони ғайридавлатӣ ба идора ва муассисот мерасад, бояд бидуни сабт шудан пас гардонида шавад. Ин масъала ба ниҳодҳои иқтисодӣ низ марбут мешавад ва раиси Кумитаи истилоҳот мегӯяд, ин натиҷаест, ки солҳо барои он талош шудааст ва ҷорӣ шудани забон дар иқтисод ва тамғагузории куллияи маҳсулоти содиротӣ ва воридотӣ бо забони тоҷикӣ ниҳоят давлатӣ шудани забони тоҷикиро осон хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG