Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши намояндагони мазоҳиби мухталиф


Ноогоҳии мусулмонон аз Ислом ва мавҷуди фақр дар кишварҳои исломӣ ва сиёсати дугунаи кишварҳои ғарб дар баробари Ислом заминаи аслии афзоиши терроризм ва гурӯҳҳои тундгаро дар ҷаҳон шудааст, гуфтанд дар як ҳамойиш дар шаҳри Душанбе намояндагони динҳо ва аққаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон. Иштирокдорони нишаст таъкид доштанд, ки дар аксари масҷидҳои кишвар хатибон ба ҷои ташвиқи исломи ноб, фарҳанг ва тамаддуни ислом ба масъалаҳое мепардозанд, ки бадбинии мардумро нисбат ба мазоҳиби дигар бармеангезад. Дар натиҷа ҳисси тундравии мардум боло рафта, боиси амалҳои террористӣ мешавад, ки ин дар ниҳоят Исломро ба унвони як мазҳаби тундгаро ва террористзо ҷилва медиҳад.
Зайниддин Наботов, имомхатиби яке аз масҷидҳои Душанбе бо тайъиди ин масъала аз ҷумла гуфт: "Дар хутбаҳо дар масҷид бояд мавзӯҳое хосае оид ба ахлоқ таълим ва тарбия ва ё мавзӯҳое, ки ба рушду камоли фарҳангӣ мусоидат мекунанд, матраҳ карда шаванд. Ҳамин чиз дар масҷидҳои мо кам дида мешавад. (Бо анҷоми ин кор) мо ба он, ки имрӯз моро мегӯянд, ки инҳо террорист пайдо мекунанд ва заминаҳои экстремизм пайдо мекунанд, шояд роҳ надиҳем."
Имомахатиб Наботов афзуд, дини ислом як мазҳаби зиддитеррор ва зидди ҳама амалҳои ғайриинсонӣ аст.
Дар ҳамин ҳол исломшинос Парвина Саидҷаъфарова гуфт, фақру камбизоатӣ дар Тоҷикистон ва аксари кишварҳои мусалмонӣ боиси рӯ овардани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мешавад: "Решаҳои аслии падидаи терроризм аз назари ҷомеа дур мондаанд. Ин решаҳо сабабҳои дунёвӣ доранд. Терроризм ҳам аз шароити вазнин ва вазъияти мушкиле, ки қариб ҳамаи кишварҳои мусулмонӣ ба он гирифтор мебошанд, ғизо мегирад. Қашшоқӣ, бесаводӣ ва бекорӣ рӯз ба рӯз вусъат меёбад."
Дар ҳамин ҳол оғои Кабиридзе - раиси ҷамъияти гурҷиҳои Тоҷикистон мегӯяд, солҳои зиёд аст, дар Тоҷикистон ба сар мебарад, аммо дар бораи Ислом ва аз ҷумла роҷеъ ба китоби муқаддаси он Қуръон иттилои лозима надорад, зеро дар ин кишвар роҷеъ ба Ислом ба забонҳои дигар маълумоти кофӣ вуҷуд надорад.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG