Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё сеяки курсиҳои парлумони Тоҷикистон насиби занон хоҳад шуд?


Дар феҳристи номзадҳои аз тарафи 6 ҳизби сиёсии кишвар ба интихоботи парлумонӣ пешниҳодгардида, дар маҷмӯъ занон 25 нафарро ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихоботӣ, Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон 7 нафар, Ҳизби демократ 3 нафар, Ҳизби сотсиал- демократ 5 нафар, Ҳизби сотсиалистӣ 4 нафар, Ҳизби коммунист 3 нафар ва Ҳизби наҳзати ислом 2 нафар бонувонро ба ҳайси номзад ба интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ намудаанд.
Аз ин миён ба истиснои 3 ё 4 нафар, аксарияти занҳои номзад чеҳраҳои шинохта ва барои аҳли ҷомеъа чандон шинос нестанд. Мамлакат Ҷайчиева - узви Ҳизби демократи Тоҷикистон дар робита ба мушкилоти занҳои номзад дар анҷумани 8-уми Ҳизби демократии Тоҷикистон чунин гуфт:
"Ҳафтаномаи "Адолат" ягона минбаре буд, ки мо занҳои номзад метавонистем, худро ба мардум муаррифӣ кунем, ки онро ҳам бастанд ва мо дигар минбар надорем. Рӯзномаҳои дигар ҳарфи моро чоп намекунанд."

Ба гуфтаи коршинос Нуралӣ Давлатов, мушкилоти дигари занҳои номзад дар баробари рақибони сиёсии худ, дастрасӣ надоштан ба моликият ё маблағи лозима дар давраи пешазинтихоботӣ мебошад. Оқои Давлатов бар ин назар аст, ки аз миёни занҳои довталаб ба курсиҳои парлумонӣ шинохтатаринашон Ойниҳол Бобоназарова мебошад, ки аз тарафи Ҳизби демократии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст ва ӯ ҳанӯз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба сиёсат ворид гашта буд. Аммо мегӯяд Нуралӣ Давлатов: "Хонум Бобоназарова баъди ба созмонҳои хориҷӣ ба кор рафтан фаъолияташон паси парда монд, Ҳуриниссо Ғафурзода бошад дар интихоботи гузашта аз тарафи Ҳизби наҳзати ислом ва дар ин интихоботи кунунӣ бошад аз Ҳизби сотсиал-демократ пешбарӣ шудааст. Ба назари ман ин метавонад, интихобкунандагонро ба мушкил дучор кунад, зеро платформаи ин ду ҳизб куллан хилофи ҳамдигар мебошанд."

Дар ҳамин ҳол Саноъат Усмонова, намояндаи созмони ҷамъиятии «Занони олим» мегӯяд, вай нисбат ба бонувони довталаб ба депутатӣ дар Маҷлиси Намояндагон хушбин аст. Хонум Усмонова мегӯяд, занҳои номзад нисбати ба бонувоне, ки дар парлумони феълӣ ҳастанд, фаъолтар ва таҷрибадида мебошанд: "Муҳим он аст, ки интихобкунандагонашонро фаромӯш накунанд, бо онҳо наздиктар бошанд."
Аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номзадии Зурафо Хоҷаева пешбарӣ шудааст. Ба гуфтаи хонум Зурафо на ҳамаи занҳое, ки имрӯз ба ҳайси депутат дар парлумони кишвар кор мекунанд, тӯли ин солҳо фаъолияти чашмрас доштанд ва дар зиндагии занҳои кишвар дигаргуниҳои назаррас ворид карда натавонистанд.
Зурафо Хоҷаева мегӯяд: "Худо бихоҳад ва ман депутат шавам кӯшиш мекунам қонунҳое ба тасвиб расанд, ки маърифатнокии сиёсӣ ва ҳуқуқии занонро, бахусус занҳои деҳотро дар бар гирифта бошанд."

Коршиносон бар назаранд, ки танҳо дар сурати шафоф ва воқеан демократӣ доир гаштани интихоботи қарибулвуқӯъ занҳо метавонанд, соҳиби курсӣ дар парлумон шаванд, дар акси ҳол тибқи таҷрибаи интихоботи гузашта танҳо ба бонувони аз тарафи ҳизби ҳоким ё Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон пешниҳодшуда бартарӣ дода мешаваду бас. Дар ҳоли ҳозир дар парлумони Тоҷикистон 11 нафар зан фаъолият мекунад ва ин дар ҳолест, ки 54 дар сади аҳолии ин кишвар занон мебошанд.
XS
SM
MD
LG