Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон дар соли 2004


Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон бо баргузории як назархоҳӣ даҳ нафар беҳтарин варзишгари ин кишварро дар соли 2004 муайян кард. Фарид Солеҳов, дабири кулли ин анҷуман дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол инҳо шомил шуданд - тирандоз Сергей Бабиков, ки дар Бозиҳои олимпии Афина дар тирандозӣ аз туфанг миёни даҳ варзишгари беҳтарини ҷаҳон ҷой гирифтааст.
Каратечӣ Муҳаммад Бодаков, ӯ дар нахустин мусобиқоти қаҳрамонии каратечиёни Авруосиё дар Маскав ду медали биринҷӣ ба даст овардааст.
Даванда Гулсара Додобоева, байни варзишгарони Тоҷикистон ӯ нахуст дар дави марафонӣ соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Афина гардид. Вай ҳамчунин, ягона варзишгарест, ки се бор дар Бозиҳои олимпӣ Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст.
Муштзан Шералӣ Достиев, ӯ дар мусобиқоти интихобии олимпии муштзанҳо дар Чин дар вазни 48 кило ғолиб омада, барои ширкат дар Олимпиадаи Афина роҳ ёфт.
Гуштигир Карим Мерганов, вай дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Кишинёви Молдова дар вазни худ соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Гурзандоз Дилшод Назаров, вай имсол дар ду мусобиқоти байналмилалӣ дар шаҳрҳои Бишкек ва Алматӣ ҷойи аввалро ишғол кард ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Юнон гашт.
Вазнбардор Парвиз Одинаев, ӯ дар Бозиҳои 12-уми паралимпӣ ё худ Олимпиадаи маъюбон дар Юнон дар навъи пауэрлифтинг дар байни нӯҳ нафар беҳтарин варзишгари дунё мавқеъ гирифт.
Таеквондочӣ Дилшод Сайфиддинов, вай дар мусобиқоти байналмилалии «Ҷоми Пётри Кабир» дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни 63 кило ва ҳисоби умумӣ ду медали тилло ба даст овард.
Гуштигир Парвиз Собиров, ӯ дар мусобиқоти байналмилалӣ дар навъи гуштии дзюдо дар шаҳри Омски Русия дар вазни 90 кило соҳиби медали нуқра гашт ва дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ғолиби мутлақи мусобиқот эълон шуд.
Ва футболбоз Сӯҳроб Ҳамидов, ҳамлагари дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони имсолаи футболи Тоҷикистон. Вай дар бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии ин кишвар 33 гол зада, беҳтарин нишонзан эълон гашт.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG