Пайвандҳои дастрасӣ

Моҷарои ҲСТ дар комиссияи марказии интихобот идома пайдо мекунад


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон феҳрасти довталабон аз Ҳизби Сотсиалистии таҳти раҳбарии Мирҳусейн Нарзиев барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон аз тариқи ҳавзаи саросарӣ ё худ ҳавзаи ягонаи ҳизбиро сабти ном нахоҳад кард.
Муҳибуллоҳ Додоҷонов, раиси дастгоҳи комиссияи марказии интихобот мегӯяд, ин ниҳод дар амри сабти номи довталабон дар ҳавзаи ягона ҳизбӣ бар асоси номаи расмии вазорати адлия мабнӣ бар расмият ва иҷозаи фаъолият доштани ҳизбҳо амал мекунад, ки дар он исме аз Ҳизби Сотсиалистии таҳти раҳбарии Мирҳусейн Нарзиев оварда нашудааст. Ба гуфтаи оқои Додоҷонов, дар ин нома, ки бо имзои вазири адлия ба онҳо расидааст, номи ҳизби Сотсиалистӣ ба раҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров сабт аст.
Муҳибуллоҳ Додоҷонов мегӯяд: " Аз тарафи вазорати адлияи ҶТ расман 6 ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шудааст. Мо аз таърихи 16 декабр аз вазорати адлия номаи расмӣ гирифтем, ки дар он раҳбари Ҳизби Сотсалист А. Ғаффоров нишон дода шудааст."
Вале то замони таҳияи ин гузориш, феҳрасти довталабони ҳеҷ яке аз аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла феҳрасти номзадҳо аз ҳизби пурмоҷарои сотсиалист низ ба дасти комиссияи марказии интихобот нарасида буд.
Раҳматкарими Давлат, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG