Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар навъи гуштии дзюдо маълум шудаанд


Қаҳрамонҳои дзюдо. Мусобиқоти қаҳрамонии гуштии дзюдои Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи мунтахаби мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии шаҳри Душанбе ба анҷом расид.
Раҳбари ин мактаб Давлат Азимов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот ҳудуди 200 гуштигир дар 7 вазн рақобат карданд ва шогирдони ин мактаб 6 медали тилло ба даст оварданд.
Дар рақобатҳои инфиродӣ аъзои дастаи мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ Далер Мусофиров дар вазни 60 кило, Шералӣ Бозоров дар вазни 81 кило, Рауф Ҳукуматов дар вазни 90 кило, Парвиз Собиров дар вазни 100 кило ва Ҳамроҳбек Шайхов дар вазни беш аз 100 кило муваффақ ба дарёфти унвони қаҳрамони Тоҷикистон шуданд. Парвиз Собиров ҳамчунин ғолиби мутлақи мусобиқот эълон шуд.
Ду нишони дигари тиллоии мусобиқотро фарзандони оилаи машҳури паҳлавонон Боқиевҳо аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даст оварданд. Рустам Боқиев дар вазни 66 кило ва бародари ӯ - Расул дар вазни 73 кило мақоми аввалро касб карданд.
Ва акнун як хабар барои ҳоводорони бокс.Дар мусобиқоти муштзанҳои макотиби варзишии Тоҷикистон, ки дар Кохи фарҳангию варзишии «Сомон»-и шаҳри Душанбе сурат гирифт, дастаи мизбонон ғолиб омад. Дастаи шаҳри Кӯлоб ҷойи дуввумро ишғол карда, тими мунтахаби вилояти Суғд дар ҷойи севвум қарор гирифт.
Бино ба иттилоъи Абдурашид Муҳаммадҷонов, раҳбари мактаби махсуси бокси Душанбе, дар рақобатҳои инфиродӣ, бахусус муштзанҳои ҷавон Баҳодур Каримов, Далер Ҳаитов, Ҳамид Давлатов, Виталий Рябченко, ҳарчор аз Душанбе, Бахтиёр Рустамов ва Наим Муродов , ҳарду аз Кӯлоб, Далер Шарипови хуҷандӣ ва Асрор Ҷумъаев аз шаҳри Турсунзода маҳорати баланд зоҳир карда, дар вазнҳои худ ҷойи аввалро ишғол намуданд.
Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ,Душанбе
XS
SM
MD
LG