Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳқиқоти журналистӣ кори бехатар нест


Досим Сатпаев, сиёсатшиноси қазоқ бар ин назар аст, ки хабарнигорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба таҳқиқоти журналистӣ хеле кам даст мезананд. Ба гуфтаи ӯ, ин мушкил дар Тоҷикистон ба он далел бештар нигаронкунанда аст, ки аксари васоити ахбори оммаи ин кишвар манобеъи нокифояи молӣ дошта ва имкони пайгирии як мавзӯъро бо харҷи зиёд қодир нестанд.
Сиёсатшиноси қазоқ меафзояд, аммо иллати аслии ин мушкил аз дигар ҷо маншаъ мегирад: "Пеш аз ҳама хабарнигорон барои таҳқиқоти журналистӣ гузаронидан омода нестанд. Вале ин сабаби асосӣ нест. Сабаби ҷиддии ин мушкил шароити фаъолияти журналистон, даст надоштан ба манобеъи хабар, монеагузориҳо аз сӯи мақомоти давлатӣ ва таҳдид ба ҳаёти шахсии онҳо мебошад. Далели дигари на камтар муҳим мустақил набудани бештари васоити ахбори оммаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аст."
Оқои Сатпаев дар як нишасти вижаи омӯзишӣ, ки Бунёди Сорос барои журналистони тоҷик доир карда буд, ҳамчунин гуфт, ки онҳо мехоҳанд равобити журналистони ин кишвар бо ҳамтоёни хориҷии худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди фаъол ва амиқ даст задан ба таҳқиқоти журналистӣ таҳким ёбад. Ӯ афзуд, доираи Осиёи Марказӣ ба сатҳе расида, ки зарурати таъсиси як ҳалқаи журналистон ва ҳалқаи дигари васоити ахбори оммаро ба миён овардааст.
Ин дар ҳолест, ки зимни ин нишаст хабарнигорони тоҷик изҳор доштанд, дар бештари маворид муассисон ва сардабирони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон манфиатдор нестанд, хабарнигори зердасташ чунин як мавзӯъеро мавриди таҳқиқ қарор диҳад, ки ҳатто пайгирии он хавф дорад, илова бар ин имкон дорад, таҳқиқи ин мавзӯъ барои афзоиши нуфузи рӯзнома ё телевизиони ӯ таъсири мусбие надошта бошад.
Ба эътиқоди онҳо, таҳқиқоти журналистӣ дар ин ё он воситаи ахбор барои боло бардоштани нуфуз ва теъдоди нашри он зарурат дорад, аммо дар шароити феълӣ васоити абори оммаи Тоҷикистон ҳаддалимкон аз ин роҳ афзоиш додани теъдоди хонанда ва ё шунавандаи худ худдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG