Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст


Зарангез Як анъанаи хуби дӯстиву бародарӣ, ки донишҷӯёни тоҷик аз Туркия бо худ овардаанд

Як гурӯҳ ҷавонони тоҷики хатмкардаи донишгоҳҳои Туркия имрӯзҳо бо мақсади кӯмаки моддӣ ба донишҷӯён ва талабаҳои камбизоат маблағи муайяне ҷамъ оварда тақдим менамоянд. Ин барномаро дар Туркия як гурӯҳ муҳассилини тоҷик барои кӯмак ба ҷавонони ҳамватан ва ниёзманди худ шуруъ намудаанд.
Умед Мавлонов, як ташаббускори ин барномаи кумакрасонӣ, узви клуби "Ватан"-и донишҷӯёни тоҷики Туркия, ки айни ҳолл мухбири оҷонсии хабарии "Ҷаҳон" дар Тоҷикистон аст, мегӯяд: «Вақте ки мо дар Туркия таҳсил мекардем, дар он ҷо як клуби ҷавонӣ доштем,бо номи "Ватан" ва маҷаллае ҳам доштем, ки бо ҳам меомадем ва мақсади асосии мо аз он иборат буд, ки тамоми он донишҷуёне, ки дар Туркия мехонанд, онҳоро муттаҳид кардан. Дар доираи он барномаҳое ташкил намудем, ки барои онҳо кӯмак расонад ё ҳисси миллии ҷавононро тараққӣ диҳад.Барои ҳамин, мо бо ҳам омадем ва ба фикре омадем, ки он ҷавононе, ки солҳо ба Тоҷикистон, ба ватан баргашта наметавонанд ё онҳое, ки дар он ҷо танқисии моддӣ мекашанд, як миқдори муайян пул ҷамъ намуда, ба онҳо кӯмакпулӣ расонем.»
Умед мисол меорад, ки ин ҷавонон барои бозгашти як ҳамсоли худ аз Туркия ба ватан саҳм гузоштаанд ё худ дар табобати як ҷавони дигар. Ҷавонони кӯмакрасон моҳе як маротиба дар Тоҷикистон ҳам муттаҳид мешаванд ва боз барои шахси ниёзманд ҳар яке ба маблағи беш аз 10 сомонӣ пул месупоранд. Умед мегӯяд, дар аввал ба ин барнома танҳо 5- 6 ҷавон шомил буд, аммо имрӯз беш 60 нафари дигар ба ин ҷалб шудаанд ва маблағгузорӣ менамоянд. Аммо ин маблағ мустақиман ба он ҷавони ниёзманд дода намешавад, зеро дар ин сурат он шахс метавонад дар хиҷолат монад ва ҳам азоби равонӣ кашад.
Умед мегӯяд: «Барои ҳамин, мо бо дигар роҳҳо инро мерасонидем, масалан, ҳастанд ҷавононе, ки бо онҳо самимиянд, яъне бо оилаи ӯ наздиканд, ва мо маблағро ҷамъ карда, тавассути он шахс мефиристем ё бо ягон роҳи дигар.»
Ин ҷавонони ташаббускор ба ҷуз аз ҷалби дигар ҳамсолони имкониятҳои бештар доштаи худ боз талош доранд, созмонҳову ташкилотҳои мухталифро низ барои дасти ёрӣ дароз намудан ба муҳассилини муҳточ ҷалб намоянд.
Саидамир Ашӯров, ҷавони маблағгузори дигар мегӯяд, онҳо ба ҳамсолони худ на танҳо кӯмаки моддӣ менамоянд, балки барои дарёфти ҷои кор низ ба онҳо мусоидат мекунанд: «Мо дар ин ҷо ҳаракат карда истодаем, ки тамоми фирмаҳои хориҷиву дохилиро назорат кунем ва агар ба ягонтои онҳо муттахасис даркор шавад, мо ҷавонони бекори ихтисосдорро бо онҳо шинос мекунем ва ба онҳо ин як намуди корпайдокунӣ мешавад.»
Хатмкардаҳои донишгоҳҳои Туркия имрӯз дар Тоҷикистон маркази худро таъсис додаанд, ки ҷавонон метавонанд аз он ҷо барои худ оид ба вазъи таҳсил дар кишварҳои мухталифи хориҷӣ маълумот пайдо кунанд ва ё, агар мушкилие дошта бошанд, метавонанд ба ин марказ муроҷиат намуда кӯмак ҳам бигиранд.
XS
SM
MD
LG