Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду шохаи гуногуни як дарахт


Ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон бо сарварии Абдуҳалим Ғаффоров, ки ахиран аз ҷониби вазорати адлияи кишвар расман шинохта шудааст, анҷумани пеш аз интихоботи парлумонии худро бо пешниҳоди 15 номзад ба ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ анҷом дод. Дар руйхати ҳизбии сотсиалистҳо афроди шинохта - профессор Қурбон Восиев, муовини аввали раиси ҳизб, ки мушовири раиси ҷумҳур оид ба масоили фарҳанг мебошад, шомил аст. Дар ҷои дуввум номи раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров омадааст. Оқои Ғаффоров дар доираҳои сиёсию ҷамъияти Тоҷикистон чеҳраи шинохта нест. Дар анҷумани ҳизб тақрибан 50 узв ва тарафдорони он ширкат доштанд.
Абудҳалим Ғаффоров мегӯяд, шонси онҳо дар интихоботи парлумон хеле маҳдуд аст ва онҳо талош доранд ҳадди аққал ба ду курсии Маҷлиси Намояндагон соҳиб шаванд: "Муборизаҳои дохилии ҳизб моро хаста кард. Кашокашҳои ҳизб имкон надод, ки ҳизби мо ҳамаҷониба ба интихобот омодагӣ бинад. Аз ин рӯ мо кӯшиш хоҳем кард, ки аққалан як ё ду ҷойро дар парлумон ба даст орем. Агар ду нафари мо соҳиб шавад, ин муввафақияти мост ва он маъноро дорад, ки ҳизби моро эътироф хоҳанд кард."
Манзур аз эътирофи ҳизб шинохтани ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоров мебошад, ки оқои Ғаффров ҳамроҳ бо Қурбон Восиев мушовири раиси ҷумҳур бо баргузор кардани як анҷуман гурӯҳи худро аз сотсиалистҳои қонунӣ шумурда сотсиалистҳои зери раҳбарии Мирҳусайн Назриевро ғайриқонунӣ ва фаъолияти онро беасос шумурданд. Дар ҳоли ҳозир дар асноди Ҳизби сотсиалистӣ дар вазорати адлия номи оқои Ғаффоров ба унвони раиси ҳизб дониста шудааст.
Дар анҷумани ин ҳизб қароре қабул карда шуд, ки тибқи он ҷонибдорони гурӯҳи Ғаффоров Мирҳусайн Назриев - раиси ҷиноҳи дигари Ҳизби сотсиалиро аз сафи ҳизб хориҷ карда ва ҳузури ҳизб дар Эътилофи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба хотири интихоботи шаффофро ғайриқонунӣ ҳисобиданд. Ёдовар мешавам, дар ҷараёни анҷумани ин ҳизб намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистон Сулаймон Давлатов ҳузур дошт. Аммо дар анҷумани ҷиноҳи дигари Ҳизби сотсиалистӣ, ки таҳти сарварии Мирҳусайн Назриев гузашт, намояндаи вазорати адлия ширкат накард. Давлат Сулаймонов, намояндаи бахши сабти номи аҳзоб ва созмонҳои ҷамъиятии вазорати адлияи кишвар иллати ҳузур надоштани намояндаи ин вазоратро шарҳ дода гуфт, дар асноди ин вазорат номи Абдуҳалим Ғаффоров сабт аст.
Бо ин ҳол Мирҳусайн Назирев гуфт, вакилони анҷуман ба ҳавзаи умумиҷумҳурявӣ номи 5 узви ҳизбро худро пешниҳод кардаанд: "Панҷ нафар номзад ба парлумон пешниҳод шуданд ва тибқи овоздиҳиҳои пинҳонӣ, ки сурат гирифт, дар ҷойи аввал номи Мирҳусейн Назриев буд, дар ҷойи дуюм Саид Рӯзиматов раҳбари бахши ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар ҷойи сеюм Зиё Абдулло.
"Оқои Назриев афзуд, агар гурӯҳи Абдуҳалим Ғаффоров дар ҷараёни омодагӣ ба интихобот ба онҳо халал нарасонад, ҷиноҳи ӯ имкони соҳиб шудан аққалан ба ду курсии парлумонро дорад. Ба назари ӯ Қурбон Восиев, ки мушовири раиси ҷумҳур аст, бо истифода аз ин мақомаш метавонад, барои ҷиноҳи оқои Назриев мушкил эҷод кунад. Ва аммо дар поёни анҷуман вакилони Ҳизби сотсиалистӣ хостори созмони як Эътилофи интихоботӣ бо ҳизбҳои дигар шуданд ва ба ин манзур ба раисони 6 ҳизби расмӣ нома ирсол доштанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама, ҳанӯз маълум нест, ки Комиссияи марказии интихоботӣ феҳрасти кадом аз ин ду ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистиро қабул хоҳад кард. Роҷеъ ба ни масъала Абдуғаффор Ҳалимов гуфт, аз тарафи комиссияи мазкур дар ҳафтаи гузашта аз онҳо даъват шудааст, ки руйхати номзадҳои худро пешниҳод намояд.
XS
SM
MD
LG